Ба зудӣ ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълум мешаванд
27-уми июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 аз даври дуюм муборизаро шуруъ мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан дар раддабандии Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) миёни 46 кишвари Конфедератсияи футболи Осиё дар ҷойи 20-ум қарор дорад, аз даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муборизаро оғоз мекунад.
Чун нахустин бор дар Ҷоми ҷаҳон 48 даста ширкат хоҳанд кард, Конфедератсияи футболи Осиё ба формати интихобӣ баъзе тағйирот ворид кард — барои дастаҳои қитъаи Осиё ҳаштуним роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 пешниҳод мешавад. Ин маънои онро дорад, ки аз миёни 45 даста 18 тим бо имтиёзи пасттарин — тибқи рейтинги навбатии FIFA, ки 20-уми июл нашр мешавад ва вобаста ба шумораи дархостҳои ба FIFA пешниҳодшуда — дар даври аввал рақобатро шуруъ мекунанд.
Дар даври аввал 18 даста нуҳ ҷуфтро ташкил медиҳанд, ки ҳар кадоми онҳо 12 ва 17-уми октябри соли 2023 дар хона ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунанд.
Нуҳ дастаи ғолиби даври аввал ба даври дуюм роҳ меёбанд, 27 дастаи боқӣ бо онҳо ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи дуюми интихобӣ 36 даста ба нуҳ гурӯҳ тақсим мешаванд ва аз моҳи ноябри соли 2023 то июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.
Дар поёни даври дуюм ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.
Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мегардад. Аз рўи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мегардад. Боз ду дастаи дигари ширкаткунанда аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешаванд ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.
18 дастае, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро мегиранд, мустақиман ба даври сеюм ва ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ