Бабри “рӯшонӣ” боздошт шуд, аммо шаш бузи Саодатро кӣ медиҳад?

Дар деҳаи Ҳиҷези ҷамоати Бартанг бабри барфие, ки ба чорвои сокинони ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳамла карда буд, «боздошт» шудааст.

Бабри барфиро рӯзи 11-уми октябри имсол, пас аз он боздошт карданд, ки ба бузҳои Саодат Таваккалов, сокини деҳаи Ҳиҷези ҷамоати Бартанг ҳамла карда, шаш сари онҳоро кушт.Дар Тоҷикистон бабри барфӣ ҷонвари нодир аст ва бар асоси қонун дар сурати ҳамла ба чорвои мардум низ набояд кушта шавад. Мақомот ва созмонҳои ҳифзи муҳити зист ваъда додаанд, ки дар сурати зинда дастгир кардан ва ба табиат раҳо додани бабри барфӣ, ҷуброни зарари расондаашро медиҳанд.Соҳибназар Таваккалов, бародари марде, ки аз ҳамлаи бабри барфӣ ба чорвояш зиён дидааст, гуфтааст,ки  «касе ҷуброни зарарро напардохт». Вай афзуд, бародараш ҳамагӣ шаш буз дошт ва бабри барфӣ онҳоро куштааст. «Бабрро зинда дастгир кардем ва ба раиси маҳалла хабар додем. Омаданд ва онро ба Мурғоб бурданд», — нақл кард ӯ. Сокинони Бартанги ноҳияи Рӯшон мегӯянд, дар як моҳи ахир дар саҳро ба чорвои онҳо ду-се ҳамла сурат гирифт ва эҳтимол кори ҳамин бабр будааст.Як намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, бабр ҳангоми боздошт ҷароҳат бардоштааст ва ӯро ба маркази вижаи нигаҳдории ҳайвоноти маҷруҳ интиқол додаанд. «Дар ноҳияи Мурғоб як марказ барои табобати ҳайвоноти нодири маҷруҳ ё ҳайвоноти пире, ки дигар тавони шикор кардан надоранд, ташкил шудааст. Бабрро ба ҳамон ҷо бурдем ва агар шифо ёфт ва тавони мустақилона шикор карданро дорад, ба табиат раҳо мекунем», — гуфт ӯ. Гулбек Хоҷаназаров, раиси созмони «Парчам» дар ноҳияи Рӯшон, ки ба нигаҳдории ҳайвоноти нодир машғул аст, мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ин бабр пир шудааст. Вай гуфт, бабрҳои барфии ҷавон ҳеч гоҳ худро зери хатар гузошта, вориди маҳаллаҳои аҳолинишин намешаванд. «Вақте бабри барфӣ пир мешавад ва дигар бузҳои кӯҳӣ ё суғурҳои даштиро дошта наметавонад, аз паси бузҳои хонагӣ мешавад. Дар ин ҳолат, бабри барфӣ ҳатто дар чарогоҳ бузу гӯсфандро дошта наметавонад ва ба оғилҳо ҳуҷум мекунад», — шарҳ дод ӯ.Масъули созмони «Парчам» мегӯяд, то панҷ соли пеш бабрҳои ҷавон низ ба оғилҳо ҳамла мекарданд, чун бузҳои кӯҳӣ кам шуда буд ва дар ҷойҳои дастрас барои бабр қарор надоштанд: «Лекин дар ду-се соли ахир бузҳои кӯҳӣ ва суғур бештар шудаанд.»Соли гузашта дар ҳамлаи бабрҳои барфӣ бештар аз сад чорвои сокинони вилояти Бадахшон талаф ёфтанд. Тақрибан даҳ бабре, ки соли гуашта аз ҷониби сокинон боздошт шуда буданд, ба табиат раҳо шуданд ва ба сокинони зиёндида ҷуброн пардохта шуд. Маъмулан, ҳамлаи бабрҳои барфӣ дар охири тирамоҳ ва аввали баҳор бештар мешавад.

Дар Тоҷикистон бабри барфӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар қисмате аз вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Теъдоди онҳоро бештар аз 300 сар ҳисоб кардаанд. Ин ҳайвон дар рӯйхати ҷонварҳои нодир, ки танҳо дар 12 кишвари дунё мондаанд, ворид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *