Бачаҳо хеле ғайрат кардаанду, аммо тирашон хок хӯрд
Ҳангоми назорати гумрукии мусофирон ва бағоҷи онҳо кормандони пости гумрукии фурудгоҳи Волгогради гумруки Астрахан китобчаҳои хотиравӣ бо тангаҳо ва сарпӯшҳои курсиҳоро дарёфт карданд.
Дар ин бора рӯзи 19 август хадамоти матбуоти гумруки Русия барои Округи федералии ҷанубӣ хабар дод. Татяна Полякова, котиби матбуотии гумруки Астрахан, гуфт: «Шумора ва хусусияти моли декларатсияшуда, ки дар ихтиёри шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавҷуд аст, ба мо имкон медиҳад хулоса барорем, ки онҳо барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ нашудаанд ва ба ин далел бояд дар гумрук эъломия карда мешданд.» .
Кормандони гумрук 114 китобчаи хотиравӣ бо тангаҳо ва 147 сарпӯши курсиро мусодира карданд. Дар асоси ин далелҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қисми 1 моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (декларатсияи мол) оғоз карда шуданд. Ба қонуншиканон ҷарима ва мусодираи молҳои боздоштшуда таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ