“Бачаи кампир” ва ҳамроҳонаш ба муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон гардидан (видео)
Додгоҳи шаҳри Душанбе 7 узви шабакаи қочоқбарони маводи мухаддир ба раҳбарии сокини Норак Муқимҷон Қурбонов, мулаққаб ба «Бачаи кампир”-ро ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум ба зиндони низомаш сахт кард. Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад.
Тавре менбаъ хабар медиҳад, худи «Бачаи кампир” ва ду шарики асосиаш – Руҳангез Назиров ва Ҳикматулло Боронов ба 20 соли зиндон, Сироҷ Назиров ва Зоир Гадоев – ба 17 сол, Шамсутдин Салимдодов ба 16 сол ва Доваршо Қаландаров ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.
РВКД Душанбе дар аввали моҳи апрел аз боздошти 7 узви як гуруҳи муташаккили нашъаҷаллобон ва мусодираи 70 кило маводи мухадддир хабар дода буд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, роҳбарии ин «мафия”-и фаромиллиро сокини 44-солаи деҳаи Қибили шаҳри Норак Муқим Қурбонов, маъруф бо лақабҳои «Бачаи кампир” ва «Муқимча” ба ӯҳда дошта, ин наркобарони қаблан барои нашъаҷаллобӣ ду маротиба дар Русия судшуда аз 3 зан 11 фарзанд доштааст. Ба гуфтаи мақомот, «Бачаи кампир” ва «шогирдон”-и ӯ барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир аз фанновариҳои навин, аз ҷумла мессенҷерҳои ВотсАпп, Вайбер, Имо ва барои ҷамъоварии пули бори фурӯхтаашон аз Киви-Кошелёк истифода мебурданд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як манбаи аслии тавлиди афюну ҳероин ва ҳашиш – қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири «афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия, табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз ду тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ