Бачаи угай. Ё ҳоли зори нашрияҳои маҳаллӣ

Росташро гўям, аз аҳволи нашрияҳои вилояти Суғд огаҳ нестам, вале ҳоли зори рўзномаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро равшан дидаам. Ба истиснои ноҳияи Балҷувон, дигар ягон шаҳру навоҳии ин вилояти овозадор соҳиби идораҳои худӣ нестанд. Боқимондааш иҷоранишину паси дари дигар муассисаю идораҳои соҳиббиноянд. Ба болои ин, танҳо як ё ду редаксия соҳиби мошини хизматиянд.

Аз ҳама аламовараш  он аст, ки мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ чун муассис ба нашрияҳои маҳаллӣ чун бачаи угай муносибат карда, онҳоро ҳатто аз рўйхати обунаи маҷбурӣ берун кардаанд. Хело хуб мешуд, ки обунаи маҷбурии рўзномаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ бекор карда шаванд. Он гоҳ мебинем, ки ҳамаи нашрияҳо аз поин то боло ҳуқуқи баробари обунашавӣ пайдо хоҳанд кард…

Бармегардем сари рўзномаҳои маҳаллӣ. Чи тавре гуфтем, раисони шаҳру навоҳӣ ба нашрияҳояшон ғамхорӣ надоранд. Онро чун яроқи ислоҳи нуқсонҳо, проблемаҳо, арзи мардум, тарғиби таҷрибаи пешқадам истифода намебаранд ё то ҳол ба умқи фаҳмиши ин нуктаи муҳим сарфаҳм нарафтаанд. Ман сахт дар тааҷҷубу ҳайрат меафтодам, агар раиси шаҳру ноҳияе гӯяд, ки «ман аз вазъи кори редаксияи рўзномаи фарз кардем «Истиқлол» хабар гирифтам ва ё дар маҷлиси ҷамъбасти нимсолаю солонаашон иштирок кардам». Аз ин ҷост, ки обунаи солонаи аксарияти рўзномаҳои маҳаллӣ аз 800-у 1000 нусха боло нест. Боз ёфт мешаванд раисоне, ки дар рўзномаҳояшон сензура ҷорӣ кардаанд. «Мақолаи танқидӣ чоп накунед!!! Ҳаҷвия, ришханд, танз, киноя нанависед. Ин ободонию пешравиҳоро намебинед? Онҳоро нависед». Ҳол он ки, ягон пешравӣ, тараққиёт, ободонӣ нест, ҳатто ягон обекти ҷашнӣ надорад.

Аз ин рў, ба Ҳукумати марказӣ, вакилони беҳавсалаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекардем, ки барои 10 соли минбаъда оид ба рушду нумуъ, мустаҳкам кардани базаи моддӣ-теникии рўзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ Барнома, Консепсия, қонуни махсусе таҳияву қабул намоянд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *