Пас аз 22 сол мушкили 126 оилаи  бехона ҳал шуд

Маъмурзода Адҳам,раиси шаҳри Истаравшан пас 22 сол мушкили 126 оилаи бехона, ки ҳанӯз соли 2001 аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба Истаравшан кӯчонида шуда буданд, ҳал кард.

  Дар арафаи Соли нав қарори дахлдор оид  ба ордери манзили истиқоматии хонаҳои сокинон, ки тӯли 22 сол идома дошт, ҳал гардида, қарори қабулнамудаи раиси шаҳри Истаравшан минбаъд барои хусусигардонии хонаҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Деҳаи Вашан дар соҳили рӯди Вашан, яке аз шохобҳои дарёи Зарафшан, дар ҳудуди ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудааст.

Соли 2000 ба сабаби баланд будани хатари фурӯ рафтани теппаҳои атрофи деҳаи Вашан, ҳукумати Тоҷикистон тақрибан 200 оиларо аз инҷо ба Истаравшан ва Деваштич кӯчонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *