Баъд аз дидани навори Шарофиддин Гадоев аз Кабирӣ фирор намудам
…Дар рӯ ба рӯи ман ҷавоне нишастааст, ки аз кишвари дурдасти Полша ба Ватан баргаштааст. Умед Сатторов аз зумраи собиқ аъзоёни ташкилоти террористӣ- экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд, ки бо найранг ва таблиғоти хурофотпарастонаи ҷинояткорӣ дар ҷустӯҷӯ қарордошта, Умаршо Давлатов ин ҳизби моҷароҷӯро пазируфта буд. Умеди ҷавон, ки ҳамагӣ мактаби миёнаро то синфи 9 хондааст ба доми наҳзатиёни ифротӣ афтода дар ноҳияи Рӯдакӣ ва гирду атрофи он мувофиқи супоришҳои Кабирии бешараф ва ҳаммаслаконаш ба ҷалбсозии аъзоён ба ин ҳизб ва ҷамъи аъзоҳақӣ машғул будааст.
Соли 2015 пешвоёни ҲНИ дар Тоҷикистон мақсади ташкили табаддулоти давлатиро менамоянд, аммо ба мақсадҳои разилона ва нопоки худ намерасад. Аз ин кирдори аҳриманона ва разилонаи наҳзатиён Умед Сатторов огоҳи пайдо намуда, ба Федератсияи Россия меравад.
Дар урфият гуфтаанд: “сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” .
Умед ҳангоми сӯҳбат як нуқтаро ба маврид қайд намуд, ки сабаби ба доми чунин афроди хиёнаткор афтоданам, ин надоштани дониши дунявӣ будааст. У мегӯяд: онҳое, ки бештар ба доми ифротиён меафтанд, он ҷавононе мебошанд, ки аз нодонию таассуб ва бесаводӣ шомили чунин гурӯҳҳои нопок мегарданд. Аз ин лиҳоз ба кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус ҷавонон расониданиям, ки шукронаи Ватани тинҷу ободро намуда, сарбаландона таҳсил намоянд, соҳиби маълумот гардида ба падару модар ва мардуми Тоҷикистон дастаҷамъона хизмат намоянд.
-Умедҷон, то ҷое мо огоҳи дорем, Шумо узви як гурӯҳи ғайриқонунии бо ном “Паймони миллӣ” будед, чаро имрӯз мисли ҳаммаслакони худ дар хориҷа нею дар Тоҷикистон қарор доред?
-Қиссаи ман дароз аст, аммо кӯтоҳ мегӯям, ки соли 2014 бо доми наҳзатиён афтода, то ҳол сарсону саргардонам. Модари яккаву танҳо дошта, ягона писар дар оила мебошам. Умаршо ном муллои “чаласавод” узвияти ҳизби наҳзат дар масҷид баъд аз намоз ба мо, як гурӯҳ ҷавонон гуфт, ки агар ба Ислом хизмат карданӣ бошед, бояд ки аз наҳзатиён пайравӣ намоед. Ба рости он вақт намедонистам, ки “хизмат ба Ислом” гуфта, ин ҳизб хизмат ба роҳабарон ва хоҷагони онҳоро дар назар дорад!
-Инро кай фаҳмидед?
-Ин нуқтаро пеш пай буда будам. Баъд аз манъи фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон моро аввал ба Русия даъват намуданд ва дар он ҷо ҳам намояндагони ҳизб ба талқини ақидаҳои худ дар байни муҳоҷирон машғул буданд. Дар кишвари Руссия ақидаҳои ифротгароёнаи наҳзатро ду сол таблиғу ташфиқ менамудем. Чун дар Русия ҳам муҳит барои фаъолияти тахрибкоронаи ҳизб тангӣ кард, ман бо даъвати аъзои ҲНИ ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Саидов Муҳаммадзариф ба Аврупо рафтам. Ӯ маро бовар кунонид, ки дар ин ҷо зуд корти паноҳандагӣ мегиред ва зиндагиатон хуб мешавад. Баъд аз ин ман бо дили пур ба яке аз кишварҳои Аврупоӣ –Полша рафтам…
-Оё Шумо мақоми паноҳандагӣ гирифтед?
-Аз куҷо? Ин ваъдаи дуруғи Кабирии бешараф ва Муҳаммадзарифу ҳамсафонаш аст, зеро ман чаҳор марҳилаи дастрасӣ ба ин кортро аз сар гузаронидам, вале корти паноҳандагӣ гирифта натавонистам. Бояд қайд кард, ки давлатҳои Аврупо низ аз кирдорҳои фиребгарона ва хиёнаткоронаи Кабирӣ ва “Гурӯҳи-24” огоҳи пайдо карда ба онҳо паноҳандагии сиёсӣ намедиҳанд. Далели ин гуфтаҳо саргузашт ва таҷрибаи талхи ман дар давлатҳои Аврупо шуда метавонад.
-Чаро?
-Он созмонҳое, ки ҳуҷҷати паноҳандагиро омода мекунанд, дигар ба афсонаҳои Кабирӣ ва пайравонаш бовар надоранд. Давлатҳои Аврупо ба найрангу дассисабозиҳои гурӯҳи ғайриқонунии бо ном “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” куллан бовар надорад, зеро, ки ман барин собиқ аъзоёни “Гурӯҳи-24” ва ҲНИ ба Ватан баргаштанд онҳо пурра аз ҷавобгарии ҷинояти озод гардиданд. Ин ҳолат исботи дуруғҳои Кабирӣ ва роҳбарони “Гурӯҳи-24”-ро ошкор сохт.
-Чаро аз ҳамсафони худ дилмонда шуда, ба Ватан баргаштед?
-Не, ман кайҳо аз Кабирию Зарифу дигару дигараш дилмонда шуда будам, аммо онҳо моро бо ҳар гуна роҳҳо ба Ватан баргаштан намемонданд. Онҳо бо як гурӯҳи иблисонаи ташкилкардаи худ бо номи “ПМТ” мегуфтанд, ки минбаъд дар доираи ҳамин амал хоҳанд кард, дар асл бошад танҳо ва танҳо амалу рафторашон ва корашон сияҳкорӣ буда, барои ҷайбашон маблағ ҷамъ менамуданд. Ҳар моҳ ба мо дар Полша созмонҳое, ки паноҳандагонро сарпарастӣ мекунанд, 750 злот, ки баробар ба 195 доллари ИМА мебошад, маблағ медоданд. Кабирӣ пулпараст бошад, моро маҷбур менамуд, ки аз ин маблағ ба “фонди Кабирӣ” накам аз 5-10 доллар (ки ин ҳатмист!) ва нафароне низ буданд, ки 40-50 доллар месупориданд. Дар ҷаласаҳо Кабирии фитнагар ва пайравонаш мегуфтанд, ки “ин маблағҳо барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ ва дигар корҳои таблиғотию таҳрибкорӣ зарур мебошад”.
-“Паймон”-и гуфтаи Шумо тақрибан чанд аъзо дорад?
-Онҳо ҳамагӣ чанд нафаранд, аммо тавре гуфтам, аврупоиҳо дигар ба гуфтаи сарварони ин гурӯҳ бовар надоранд ва аз ин лиҳоз зиндагӣ барои паноҳандагон то рафт душвортар гардида истодааст.
-Шумо гуфтед, ки барои халос шудан аз ин вазъият,чи тавр ба Ватан баргаштед?
-Бале, гап дар сари он, ки Кабирӣ ва ҳамсафонаш ҳамаро метарсонданд, ки дар Тоҷикистон шуморо зиндон мекунанд, азоби ҷисмонӣ медиҳанд. Аммо ман навори Шарофиддин Гадоев ва чанд навори дигарро дар бораи онҳое, ки ба Тоҷикистон баргашта, озодона дар назди волидони худ зиндагӣ доранд, дидан намуда ба хулосае омадам, ки дигар ба дурӯғи онҳо бовар накунам ва бо кадом роҳе набошад, ба Ватанам фирор намоям. Аз ҳамин сабаб, аввал аз шаҳри Гдански давлати Полша, ки дар он ҷо мезистам, тавассути давлати Туркия ба Тоҷикистон баргаштам.
-Оё дар Аврупо боз нафароне ҳастанд, ки хоҳиш баргаштан ба Ватанро доранд?
-Бале, шумораи онҳо хеле зиёд аст, вале ба кам касон муяссар мешавад, ки аз чанголи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш раҳо шавад. Онҳоро бо роҳи нишон додани наворҳои ваҳшатнок дар бораи Тоҷикистон, гуё саросар басташудани масҷидҳо, пайгирӣ кардани мусулмонон, пинҳон намудани ҳақиқат дар мавриди афви баргаштагон ва ғайра пеши роҳашонро мегиранд. Аммо ҳоло замони пешрафти иттилоот аст ва гумон мекунам, ки ба наздикӣ дар “Паймон” Кабирӣ худаш танҳо мемонад.
—Шумо дар ибтидо қайд кардед, ки аз чанголи Кабирӣ фирор намудед. Магар фирор намекардед Кабирӣ ба Шумо ягон таъсир мерасонид?
-Бале агар ман пинҳонӣ фирор намекардам Кабирӣ бо дастони хоҷагонаш маро бо ҳар баҳона дар маҳбасҳои Полша маҳкам мекард. Ин омилро ба инобат гирифта дар зери тааъсуроти навори Гадоев Ш. ба фирор намудам.
-Чихеле дар ВАО паҳн гаштааст собиқ аъзоёни “Гурӯҳи-24” ба Суди Олии кишвар ариза навиштаанд, ки бинобар хатар надоштани ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи-24”, он аз рӯйхати ташкилотҳои террористию экстремистӣ ихтисор карда шавад. Дар масъалаи мазкур Шумо чӣ андеша доред?
-Ман ҳам низ ба фикру иқдоми пешгирифтаи нафарони зикршуда пурра розӣ буда, мавқеъи онҳоро ҷонибдорӣ менамоям.
-Ташакур барои мусоҳиба. Ҳоло куҷо меравед?
-Ба хона, ба назди модарам. Аз паи зиндагӣ шудан лозим…
Хабарнигори «Тоҷикистон таймс «
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ