Баъд аз таҷовузи хонанда шаҳрдор аз мақом барканор шуд
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 21 ноябр дар Твиттер навишт, ки шаҳрдори Тараз Кайрат Досаев аз мақомаш барканор шуд.
«Ба раиси вилояти Ҷамбил дастур дода шуд, шаҳрдори Таразро дар робита ба ҳодисаи як мактаби ин шаҳр, ки дар он хонандаи 12-сола осеб дид, аз мақом барканор кунад. Ба худи раиси вилоят огоҳӣ дода шуд», — афзудааст президенти Қазоқистон.
15 ноябр дар ҳоҷатхонаи яке аз мактабҳои шаҳри Тараз, ки дар кӯча ҷойгир аст, хонандаи синфи 7-ум таҷовуз карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз карданд.
Кайрат Досаеви 54-сола моҳи апрели соли равон шаҳрдори Тараз таъйин шуда буд. То ин дам ӯ ёвари раиси вилояти Алмато буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ