Баъд аз КОВИД-19 хушксолӣ?

Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи панҷшанбе 17-уми июн ҳушдор дод, ки ҳамзамон бо афзоиши сареъи гармии замин, камбуди об ва хушксолӣ метавонад чун пандемияи коронавирус, вайронгар ва харобкор шавад.
Мами Мизутори, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи коҳиши хатарҳои фоҷеаҳои табиӣ, дар остонаи нашри ин гузориш дар як нишасти хабарии маҷозӣ гуфт, «хушксолӣ дар остонаи мубаддал шудан ба пандемияи баъдӣ аст ва ҳеҷ ваксинае барои дармони он вуҷуд надорад».
Бар асоси гузориши нави СММ, байни солҳои 1997 то 2017 зарари иқтисодии бархоста аз хушксолӣ 124 миллиард доллар буда, хушксолӣ ба муҳити зист ва зиндагии беш аз 1,5 миллиард нафар аз аҳолии ҷаҳон осеб задааст.
Ин гузориш таъкид мекунад, ки ин арзёбӣ ба эҳтимоли зиёд аз мизони воқеии хисороти бархоста аз хушксолӣ, камтар аст. Ба гуфтаи ин гузориш, таҳти таъсири гармии замин, хушксолӣ дар ҷануби Аврупо ва ғарби Африқо бештар аст.
Мами Мизуторӣ афзуд, «агар ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт иқдом накунад, шумораи осебдидагон ва қурбониёни хушксолӣ ба таври чашмрас афзоиш хоҳад ёфт».
Гузориши Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезанад, ки дар сурати идомаи раванди гармии замин, ҳудуди 130 кишвар дар қарни 21 аз хушксолӣ осеб хоҳанд дид. Бисту се кишвари дигар бинобар афзоиши аҳолӣ бо камбуди об рӯбарӯ хоҳанд шуд ва 38 кишвар аз афзоиши аҳоливу хушксолӣ ба шиддат осеб мебинанд.
Хонум Мизуторӣ дар бахши дигаре аз нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе гуфт, «хушксолӣ мисли вирус як давраи тӯлонӣ идома хоҳад дошт. Ҷуғрофиёи бузурге дорад ва таъсири густурда дар пай хоҳад дошт. Ҳатто кишварҳоеро, ки мустақиман аз хушксолӣ осеб намебинанд, бинобар афзоиши қимати маводи ғизоӣ таҳти таъсир қарор хоҳад дод».
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш пешбинӣ мекунанд, ки дар бисёре аз нуқтаҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Африқо, Амрикои марказӣ ва ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ Австралия, Ҷануби Аврупо, Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хушксолиҳои шадидтар рӯй хоҳад дод.
Иброҳим Сиёв, раиси паймони мубориза бо биёбоншавии Созмони Милали Муттаҳид ба хабаргузории «Рейтерз» гуфт, вайрон шудани хок дар бисёре аз кишварҳо ҷаҳон бинобар мудирияти заъиф, заминҳои ҷаҳонро «ба нуқтаи ғайри қобили бозгаште» наздик кардааст.
Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш падидаи муҳоҷират дар дохили кишварҳо таҳти таъсири хушксолиро баррасӣ накардааст, вале ба гуфтаи Иброҳим Сиёв, чунин раванде ҳатто дар Аврупо низ мумкин аст рӯй диҳад. Ӯ афзуд, «ин падида дар даҳаҳои ахир дар бисёре аз кишварҳо рӯй дода, дар Аврупо низ мумкин аст иттифоқ биафтад».
Бар асоси пажӯҳиши дигаре, ки дар рӯзҳои ахир дар маҷаллаи илмии «Nature» нашр шудааст, таҳти таъсири раванди гармоиши замин то миёнаҳои асри 21 ҳудуди 40 дарсад аз содироти кишоварзии Иттиҳоди Аврупо дар баробари хушксолӣ ба шиддат осебпазир хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *