Бадахшон: 16 рӯзи роҳбарӣ, 16 дақиқаи суханронии Ёдгор Файзов
Биёед мардак барин суҳбат кунем!
Чунин буданд аввалин суханони иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ширкаткунандагони Ситоди амниятӣ, ки 16 октябр дар шаҳри Хоруғ-маркази ВМБК баргузор гардид. Магар то ин дам суҳбати мардона бо гурӯҳҳои ғайрирасмии ин минтақаи Тоҷикистон набуданд? Буданд, вале тавре ки раиси навтаъин гуфт, ҳама ким-чиро пинҳон мекарданд, ҳам роҳбарони собиқи вилоят ва ҳам гурӯҳҳои ғайрирасмӣ. Аммо ба қавли Ёдгор Файзов вақти он расидааст, ки ҳар чизро бо номи худаш гӯем.
“Ман мехостам дар ҳамин ҷода як навоварӣ биорем, мо бисёр мегӯем, гурўҳҳои муташаккил, гурўҳҳои ҷинояткор дар ҳамаи расонаҳо, ҳам расмӣ, ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар касе суол мекунад, онҳо кистанд, барои чӣ ягон кас номашонро намегўяд. Ҳамон нафароне, ки мо мегўем, роҳбарони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳастанд — Мунаввар аст, Толиб аст, Боқир аст, Хурсанд аст ва Ёдгор аст. Биёд мардак барин суҳбат кунем, ки гап дар бораи кӣ меравад, гап дар бораи чӣ меравад.”
Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар бори аввал аст, ки раиси вилоят номи роҳбарони ин гурӯҳҳоро ба таври расмӣ зикр кард. Ӯ рӯирост изҳор намуд, ки гуфтор дигар асту кордор дигар. Ёдгор Файзов натиҷаи вохӯрии худро бо ин гурӯҳҳои ғайрирасмӣ чунин изҳор намуд: “Таклиф карданд, ки агар проблема дар мо бошад, мо меравем 5 кас, худамонро дар ҳамин майдон месупорем. Гуфтам беҳтарин, вале ҳеҷ вақт шумо ин корро карда наметавонед”. Чаро раис ба онҳо боварӣ надорад? Ӯ аз гузашта сабақ гирифтааст ва медонист, ки аҳду паймони эшон, ки қаблан ҳам садо дода буд, то кадом андоза қадр дорад. Онҳо ваъдаи худро иҷро накарда, соли 2012 мардуми Бадахшонро боз ба моҷаро кашида буданд ва ҳоло низ ин мақсадро ба канор нагузоштаанд. Аммо раис ҳамчун шахсияти воқеан ҳам ғамхори ин миллату ин мардум вазифаашро дар назди бадахшониҳо иҷро намуд. Ҳоло солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нест, ки ду-се автоматбадаст ҳамаро тарсонаду мардуми бегуноҳро ба моҷаро кашад ва беҷазо монад. Ҳар ҳодиса, ҳар воқеа ва ҳар шахсе, ки бо амнияти мардуму кишвар сар ба сар мешавад, ҷавоби дандоншикан мегирад.
“Аз мардуми одӣ имрўз давлат як ҷиз илтимос дорад. Намегӯяд бирав яроқ ҷамъ кун, намегӯяд ҳамроҳашон ҷанг кунед, лекин илтимос ҳангоми гузаронидани амалиёт халал нарасонед. Ҷони худ ва ҷони фарзандони худро дар хатар намонед, ин як чизи одие, ки аз мардум талаб мекунанд. Лекин афсӯс, новобаста аз ҳамин қадар вохӯрӣ кардем, мардум ба ин кор қодир нест. Ҳамин тавре ки Саймӯмин Сатторович гуфтанд, аз уҳдаи фарзандашон намебароянд. Маро дар ҳамон вохўрӣ гуфтанд, ки ту ҳамчун Раис ҷанг эълон кардӣ, ман гуфтам агар ин ҷо Пешвои миллат мақсади ҷанг карданро медоштанд, маро ин ҷо Раис намеоварданд. Ин ҷо як одами дигар мешуд, ки ситора дошт дар китфҳояш”.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят боз ҳам сиёсати давлатро ба мардум бо забони одӣ фаҳмонд, ки давлат нияти ҷанг карданро надорад, то замоне, ки манфиатҳо он зери хатар қарор нагирад. Вале бадахшониҳо бояд ҷилави худсаронро кашанд ва фарзандонашонро, ки ҳанӯз қобилияти дарки он даҳшатеро, ки мехоҳанд, ин гурӯҳҳо ба сарашон оранд, надоранд, аз роҳи бад баргардонанд. Ёдгор Файзов, ҳамчунин, ба таҳаммулгароии Сарвари давлат таъкид намуда мегӯяд: “Имрўз кулли сиёсатмадорони дунё, кулли таҳлилгарон, кулли ҳизбҳои сиёсӣ ҳайронанд аз тасмими Ҷаноби Олӣ, ки чӣ хел директори фонди Оғохон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят аст. Шумо медонед, дирӯз, гузашта чӣ гапҳо буданд, муносибати Ҳукумат бо ташкилоти Оғохон ин хел аст, муносибати Ҷаноби Олӣ ин хел аст. Ана оқибат яке аз шахсони калидии ташкилоти Оғохон имрўз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят аст. Маънии ин чӣ аст? Консолидатсия.” Яъне, ба гуфти раиси фонди Оғохон ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят, Ҳозиримоми бадахшониён сиёсати роҳбарияти Тоҷикистонро дар ин минтақа дастгирӣ мекунад. Тавре ки аз суханони Ёдгор Файзов бармеояд, ӯ воқеан ҳам марди шуҷоъ аст ва танҳо ғами мардуми вилоятро мехӯраду ояндаи ҷавонони ин минтақаро. Ӯ мегӯяд: “Тарси ман аз он яроқ нест, ҳарчанде, ки яроқ дошта бошанд, ман ягон тарс надорам, ягон кор карда наметавонанд.Тарси ман аз он идеологияи нодуруст, аз он мафкураи хеле танги ҳамон ҷавонон, ҳамон мардуми мо аст.” Дар баромади худ Ёдгор Файзов таъкид мекунад,ки ӯро Президент ба ин вазифа на барои он таъин намудааст, ки мисли пешиниён рафтор кунад, балки ин як масъулияти басо ҷиддист ва дар амал бояд нишон диҳад, ки аз уҳдаи ин супориши Пешвои миллат мебарояд. “Кори ман дар назари мардум то чӣ андоза мушкил шудааст, мардум раҳмашон меояд, ҳоли ман раҳмашон меояд. Ин бисёр як сигнали ҷиддӣ барои ҳар як нафаре, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунаду номус дорад. Агар ман наояму каси дигар наояд, кӣ ин ҷоро обод мекунад?! “ Воқеан ҳам кӣ? Мабод он рӯзе, ки дар маснади раис, тавреки худи Ёдгор Файзов дар оғози баромадаш мегӯяд, як нафари “дар сари китфаш ситорадор” нишинад.
Раис, ҳамчунин, дар бораи ояндаи ин минтақа андешаронӣ карда мегӯяд: “Бадахшон метавонад худро 100 фоиз таъмин кунад , ба шарте ки ин ҷо инвеститсия биёяд. Кай меояд? Вақте ки оромӣ аст, дар ягон дунё дигар давлат завод намесозад, давлат фабрика намесозад, дигар ҳама хусусӣ аст. Лекин барои як турист, як инвестор омадан ин ҷо шароит даркор аст.” Ҳамчунин, Ёдгор Файзов аз ғамхории Роҳбари давлат ёдовар шуда мегӯяд: «Худоро шукр, ягона имконе ки имрўз давлат додааст — биёед яроқатонро супоред, дар кадом қисмати Тоҷикистон хоҳед, тинҷ зиндагӣ кунед. Ба фикрам, Анӯшервони одил ҳам дар вақти подшоҳии худ ин хел имкон надодааст…”
Арамбегим Офтобшоҳзода : Агар ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, ба ҷиноятҳои худ идома медиҳад
Арамбегим Офтобшоҳзода, собиқ раиси шаҳри Хоруғ ҳам, аз бедодгариҳои гурӯҳҳо ғайрирасмӣ дар замони роҳбариаш ба ин шаҳр ба дод омада буду аммо аз дасташ коре намеомад, ҷуръат пайдо карда мегӯяд: “Дар ин ҷо қайд карданд, ки барои чӣ ҳама аз як гиребон сар бароварда, ба муқобили ин ҷинояткорон мубориза намебаранд. Барои он ки ҳамаи аҳли ҷомеаро тарсу ваҳм, ҳисси ноумедӣ фаро гирифтааст. Лекин дар ҳамин муддат, ана ҳамин хел идома ёфт. Ана ҳамин, яъне ҷазо надодани ҷинояткорон идома ёфт. Ин натиҷаи мантиқии ҳамин бархӯрд аст, ки агар ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, боз ба ҷиноятҳои худ идома медиҳад. Ҳар як модари бадахшонӣ, ҳар як зани бадахшонӣ, ҳар як бонуи бадахшонӣ, онҳо ба мо иброз доштанд, ки мо дигар наметавонем ҳамин хел зиндагӣ кунем. Барои чӣ ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Яъне, пас аз ин маълум мешавад, вақти он расидааст, ки ана ҳамин ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд…”
Арамбегим Офтобшоҳзода собиқ раиси шаҳри Хоруғ буд. Чаро ин суханонро қаблан нагуфт? Бармеояд, ки ӯ эътимод ба амнияти худ ва атрофиёнаш надошт. Баъзе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мавҷудият ва амали гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз миёни ангуштон менигаристанд. Чаро прокуратура нисбати ҷинояткорон, агар нарм карда гӯем, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ парванда оғоз намекард? Кушоду равшан, миёни мардум аз амали онҳо сухан намегуфтанд? Албатта, эътироф намекунем, аммо аз бепринсипии собиқ роҳбарони вилоят дар Бадахшон, мушаххас Хоруғ, дуҳокимиятӣ ҳукмрон буд. Чаро маҳз баъд аз ташриф ва қотеъона сухан кардани Пешвои миллат, баъд аз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят таъин гаштани Ёдгор Файзов вазъият дар Бадахшон 180 дараҷа дигар шуд?
Ҳарчанд моҳи июли соли 2012 вазъияти буҳронӣ дар Хоруғ ба вуҷуд омада буд ва он қотеъияти мақомоти амният дучори вокуниши шадид қарор гирифт. Оё баъд аз он ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз як гиребон сар бурун оварданд? Ин саволест, ки беҷавоб мондааст. Аммо суханронии қотеъонаи Пешвои миллат дар Хоруғ, дастури эшон, қотеъият ва принсипнокии Ёдгор Файзов, таъсиси ситод дар ин шаҳр нуқта ба бесомониҳо гузошт. Умед дорем, ки барои мардуми Бадахшон ин вазъият, ин ҳарфҳо, ки шоиста ба номи мардуми шарифи Бадахшон нестанд, барои ҳамеша ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Таърихи 22 октябри соли 2018 дар прокуратураи вилоят ҳозир шудан, эътироф кардани гуноҳ ва ба зери огаҳиномаи расмӣ имзо гузоштани ин гурӯҳҳо шоҳиди ин гуфтаҳост.
Парвонаи ФАРРУХЗОД: Тоҷикистон ягона давлатест, ки ба исмоилиҳо озодӣ дод
Суханони баёнгари имкониятҳои бадастовардаи бадахшониҳоро дар солҳои истиқлолият Парвонаи ФАРРУХЗОД, узви Шӯрои имомати Исмоилия дар ВМКБ гуфт: “Ягона давлате, ки пайравони мазҳаби Исмоилия расму русуми худро оромона анҷом медиҳанд, ин Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ин рӯ, ҳамчун шаҳрванди ин кишвар ва ҳамчун намояндаи мазҳабӣ бар гарданамон фарз аст, ки мо ҳар кадом шукронаи соҳибистиқлолии ин Давлату Ҳукуматро ба ҷо орем.
Ӯ низ мавқеи Роҳбари мазҳаби исмоилиёни ҷаҳон Оғохонро таъкид намуда, изҳор дошт:
“Роҳбари мазҳабиямон аз оғози робитааш бо мо таъкид карда буд, ки сулҳ, тинҷӣ, ваҳдат, осудагӣ, парҳезкорӣ аз силоҳ, маводи мухаддир, дурӣ аз майгусорӣ ва ҳама он мушкилоте, ки баррасӣ шуда истодааст, аз соли 1994 инҷониб аз забони роҳбари мазҳабиамон садо медиҳад.”
Тавре ки мебинем, дар ин ҷаласа ҳамаи онҳое, ки ба сулҳу салоҳ дар Бадахшон манфиатдоранд, андешаҳои худро дар Ситоди амниятӣ иброз намуданд. Аммо ҷониби дигар чӣ? Онҳое, ки и.в. раиси вилоят як- як ҳамчун нооромкунандаи вазъи минтақа номбар кард, чӣ мегӯянд? Ин шахсон аз Прокуратураи вилояти Бадахшон огоҳиномаи охирин гирифта, ба зераш имзо гузоштанд, ки бояд ба ин корҳо даст назананд. Зеро тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.
Рӯзи 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд. Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:
-ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;
— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;
— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
— таҳқири намояндаи ҳокимият;
-авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;
-гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);
-роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.
Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд:
— 187-Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
— 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа;
— 188- Бетартибиҳои оммавӣ;
— 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ;
— 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш;
— 200 — Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан;
— 201 — Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ;
— 237- Авбошӣ;
— 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;
— 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.
Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як-як уҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботи дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.
Огоҳии расмиро муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., сардори РКДАМ дар ВМКБ полковник Меликов М.Э., муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н., сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 1 Содиқзода Р.М., прокурори ВМКБ АсозодаД. А., прокурори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов М., муовини якуми раиси ВМКБ Мирзонаботов А. дар ҳузури намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Иргашев Ф. эълон намуданд.
Таҳияи А. Аҳмадзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ