Бадахшон раисашро нав кард
Рӯзи 4 март Ёдгор Файзов дар маҷлиси вакилони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) якдилона ба мақоми раиси ин вилоят интихоб шуд.
Рӯзи 4 март Ёдгор Файзов дар маҷлиси вакилони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) якдилона ба мақоми раиси ин вилоят интихоб шуд. Ёдгор Файзови 57-сола, ки қаблан дар сохторҳои Бунёди Оғохон кор мекард, рӯзи 1 октябри соли 2018 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои Шодихон Ҷамшед иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъйин шуда буд. Бисёре аз сокинони Бадахшон 5 моҳи аввали кори ӯ дар ин мақомро муваффақ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, Ёдгор Файзов аз худ намунаи як роҳбари сарсупурда ва ба халқ наздикро нишон дод, ки метавонад барои дигар мансабдорони тоҷик ҳамчун намунаи ибрат хидмат кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ