Баъди 45 рӯзи пурталотум… Лиз Трасс аз сарвазирии Бритониё канор рафтанист

Сарвазири Бритониё Лиз Трасс эълом доштааст, ки ба истеъфо меравад.

The Guardian иттилоъ медиҳад, ки “ӯ пас аз 45 рӯзи пурталотуми уҳдадриҳояш, ки бозорҳои молӣ суқут карданду ду вазири калидӣ ва эътимоди тақрибан ҳамаи вакилони парлумонро аз даст дод, аз мақоми нахуствазир истеъфо дод”.

Ӯ изҳороти худро бо суханони «дар давраи бесуботии бузурги иқтисодӣ ва байналмилалӣ» ба ин мақом шуруъ кардааст. Ба гуфтааш, Бритониёро «рушди пасти иқтисодӣ муддати тӯлонӣ боздоштааст».

«Ман эътироф мекунам, бо назардошти вазъият, мандатеро, ки аз ҷониби Ҳизби консервативӣ интихоб шудаам, иҷро карда наметавонам»,- изҳор доштааст сарвазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *