«Баъди мо ҳам ин ҷаҳон поянда аст» Нашри таронаи П. Пӯлодӣ ва И. Холов
10 соат пеш ҳунарманди маъруф ва шинохтаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ навори суруди навашро бо ҳунарманди саршинос Исматулло Холов бо номи «Баъди мо» дар саҳифаи фейсбукияш нашр кард.
Бинобар иттилои ҳунарманд шеъри суруд ба қалами Ҳабибулло Нозирӣ тааллуқ дошта, оҳангаш аз худи Парвиз Пӯлодӣ аст.
Ҳунарманд болои навор навиштааст: » тасмим гирифтем то ин пайроҳаро боз чанд қадам бизанем… Боқӣ қазоват Шуморост!»
Инчунин Парвиз Пӯлодӣ навиштааст, ки сурудҳи нав дар нақша ҳастанд ва мухлисону ҳаводорони ҳунар интизор бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ