Баъди президент ҳамсараш ба ҳалокат расид

Ҳамсари раиси ҷумҳури Ҳаитӣ Мартин Моис низ, ки ҳамроҳи шавҳараш тир хӯрда буд, даргузашт.

Зани президенти Ҳаитӣ, Мартин Моиз аз захми тир даргузашт.

Бонуи аввали Ҳаитӣ шаби 7 июл, вақте ки шахсони номаълум ба манзилашон ворид шуданд, паронда шуд.

Аввал ҷинояткорон президенти Ҳаитӣ, Жовенел Моизро паронда, куштанд ва сипас ба сӯи ҳамсараш тир холӣ карданд.

Ҳамсари раиси ҷумҳури Ҳаитиро бо захми тир ба бемористон интиқол доданд. Бо вуҷуди талошҳои табибон, ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта ҷон дод. Вай 47 сол дошт.

Пас аз қатли президенти Ҳаитӣ ва ҳамсари ӯ, мақомот парвозҳо ба кишварҳои дигарро бастанд. Жовенел дӯстдухтари мактабияш Мартин Мари Этиен Ҷозеф дар соли 1996 издивоҷ карда, соҳиби се фарзанд шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *