Баъди вохӯрии сафир: Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 10 саг туҳфа мекунад (аудио)
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалхуҷа Мавлонов вохӯрӣ кард.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвияти фаъолияти пурсамари низоми гумрукӣ ва мусоидат намудан дар ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз доштааанд.
— Дар рафти вохӯрӣ сафир аз Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуд. Ҳамзамон, дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи маркази мазкур ба сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад сагҳои махсуси омӯзонидашуда туҳфа хоҳад гашт,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ