Туркия

Баъди заминларза: Имдодгарони тоҷик дар Туркия 109 ҷасадро берун овардаанд (видео)

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи корҳои наҷот дар вилояти аз офати табиӣ зарардидаи Қаҳрамонмараши Туркия фаъолияти худро идома медиҳад.

Бино ба иттилои КҲФ, дар маҳаллаҳои таърихии маркази Қаҳрамонмараш воқеан ягон бинои обод боқӣ намондааст. Ба наҷотдиҳандагони Кумита муяссар шудааст, ки дар ин ҷо се нафар (ду нафараш тифл)-ро бо ёрии асбобу таҷҳизот зинда пайдо карда, берун оранд.

«Шабонарӯзи гузашта тайи 18 соати корӣ дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо 31 ҷасадро ёфта, берун оварданд. Аз оғози корҳо ба наҷотдиҳандагони мо муяссар гардид, ки 109 ҷасадро аз зери тӯдаи оҳану бетон пайдо карда, берун оранд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагони тоҷик ба зарардидагон ёрии аввалин низ мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *