Бадкардаро даво чист? Ҷавонписарон ба авбошӣ айбдор шуданд

Ҷавонписароне, ки  духтарони мактабхонро  дар маркази шаҳри Душанбе мавриди латукӯб ва дашном қарор дода буданд, аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе боздошт шуданд.

«Баҳри муайяну дастгир ва ба таври объективона мавриди санҷиш қарор додани қазияи мазкур кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативию тафтишотии милитсияи пойтахт сафарбар карда шуда, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ субҳи санаи 20 декабр ҷавонони авбош дар манзилҳои истиқоматишаон боздошт ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд»- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти РВКД Душанбе.

 Инҳо:
Қурбонов Кароматулло Файзалиевич бо тахаллуси «Каром», санаи таваллудаш 9 сентябри соли 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, гузаргоҳи 2;


Носиров Маъруф Муродалиевич, санаи таваллудаш 6 сентябри соли 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теппаҳои шарқӣ мебошанд.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки тахминан соатҳои 15.40 дақиқаи  19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Гранд-Отел қарор доштани 2 нафар ноболиғдухтар, ҷавонписарони дастгиршуда, нахуст духтаронро бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру руймол мавриди дашном қарор додаанд.

Сипас баъди он, ки духтарон бо телефон кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписаронро сабт карданӣ мешаванд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ноболиғдухтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд.
Ҳоло нисбат ба  Қурбонов Кароматулло ва Носиров Маъруф парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳарду дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳрии  Душанбе иттилоъ медиҳад, ки инчунин, чорабиниҳои тафтишотӣ ҷиҳати муайян намудани алоқаи дастгиршудагон ва даст доштани онҳо ба дигар ҷиноятҳо идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки 19 декабр дар  шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид ва  гуфта мешуд,  ки дар кӯчаи МирзоТурсунзодаи пойтахт 2 нафар духтарони ноболиғи 15-16 сола аз ҷониби ҷавонписарони ношинос «бо баҳонаи надоштани сатру руймол ва ранг кардани мӯи сар» мавриди дашному ҳақорат ва латукӯб қарор гирифтаанд.  Нашри хабари мазкур мавриди вокуниши шадиди корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати кирдорҳои ба ҷомеа хавфноки ҷавонон чораҳои қатъии қонунӣ андешида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *