Бадномкунандаи номи мақомоти қудратӣ. Кӣ ва чаро чунин кард?
Дирӯз Парвиз-ТВ, ки бо паҳн намудани наворҳои гуногуни лаҳзаҳои ҷинояту фавқулодда дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, навори нигаронкунандаеро дар саҳифаи худ гузошт.
Дар навор дида мешавад, ки як нафар дар шаҳри Душанбе худро “корманди мақомот” шинос намуда, аз шаҳрвандон телефонашонро гӯё барои “ташхис” мусодира мекардааст ва бар ивазаш аз онҳо дар ҳаҷми 50-100 сомонӣ маблағ меситонидааст.
Ин амали “корманди мақомот”-ро як ҷавони ноҳияи Рӯдакӣ, ки телефони ӯро мусодира намуда буд, ошкор месозад. Сараввал ҷавон аз амали ин нафар тарсида, ба ӯ 50 сомонӣ медиҳад ва телефонашро бозпас мегирад. Дигарон ҷавонро мегӯянд, ки аз ӯ ҳуҷҷат талаб кунад, вале “корманди мақомот” фирор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ