Бадномсозии Амрико дар Туркманистон

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон миёни сокинон маъракаҳои бадномсозии Ғарб, ба вижа ИМА-ро ба роҳ мондаанд. Гуфта мешавад, филми амрикоии «Шабаҳи шаш», ки ҳаводис ва қаҳрамонҳои он Туркманистонро ба ёд меоранд, боиси шуруи маъракаи бадномсозӣ шудааст.

Гуруҳи махсуси иборат аз муовинони ҳокими вилоят, кормандони вазорати амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, намояндагони додситонии Туркманистон бо мардум мулоқот ва зидди кишварҳои ғарбӣ таблиғот мебаранд.

Ин мулоқотҳо дар мактабҳо ва хонаҳои фарҳангӣ ноҳияҳову шаҳрҳо баргузор мешаванд.

Мавзуи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо баррасии филми амрикоии «Шабаҳи шаш» («6 Underground») аст, ки ахиран ба намоиш даромад.

Шоҳидон мегӯянд, мақомоти Туркманистон Амрикоро «душмани Туркманистон» унвон мекунанд.

«Касоне ки дар ин мулоқотҳо суҳбат мекунанд, аз Амрико ба унвони душмани давлати Туркманистон ёд мекунанд. «ИМА талош дорад, ки кишвари моро маҳв кунад. Возеҳ аст, ки онҳо ҳамаи талошро мекунанд, то эътирози мардумро бедор кунанд», мегӯянд мақомот», — хабар дод як шоҳиди ин мулоқотҳо.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, мақомоти Туркманистон кушиш доранд, пеши роҳи паҳншавии филмро дар дохили кишвар бигиранд. Вале сарфи назар аз ин, бинандагони филм меафзояд.

Дар филми амрикоӣ, ки 13 декабр ба намоиш даромад, ҷузъиёте ҳаст, ки Тукрманистони муосирро ба ёд меорад. Мавзуи филм аз он иборат аст, ки як миллиардери амрикоӣ талош дорад, ба кишвари хаёлии Тургистон демократия орад ва диктатори ҷаббори онро маҳв кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *