Бахилӣ. Он чӣ маъно ва чӣ хосиятҳо дорад?
«Гӯри бахил танг аст”. Ин сухани мардумиро борҳо шунидаӣ, рафиқ Хоҷаев! Ҳайрон нашав, ҳама гӯрҳо аз нигоҳи ҳаҷм қариб ки якхеланд. Гап сари бахилии одам аст, на тангиву кушодии гӯр. Ба ин маънист, ки бахил ҳатто дар гӯр, агар ҳадаф наёбад ҳам, ба худ бахилӣ мекунад ва барои худ он маконро низ танг месозад.
Вақте дар бораи бахилӣ касе чизе мегӯяд ва луқма мепартояд, ки фалону фалон хосиятҳо дорад, ҳайрон намешавам. Ин калима бароям бегона нест. Як вақтҳо бахилӣ дар вуҷуди ман ҳам буд.
Дар синфи чорум мехондам ва писараки хеле хаппак будаму то чизе напурсанд, гап намезадам. Аз кулӯх садо мехесту аз ман не. Аммо чунон бахиле будам, ки ногуфтанӣ. Хомӯшона бахилиамро мекардам. Агар падар барои додарчаҳоям фаразан мошинча мехарид, рӯзи дигараш аллакай он ё «гум» мешуд, ё ягон чархаш «мешикаст». Рӯзе, ки падар кадоме аз бародаронамро дӯстдорӣ кардаву болои зонуяш мешинонд, эҳаааа, ҷонам мебаромад. Ё агар модар ва ё падар фарзанди хурдии хонаро навозиш кардаву гӯштҳои хӯроки худро ба косаи ӯ меандохтанд, чашмонам аз косахонаи сар зада мебаромаданд. Намехостам, ки ба дигарон аҳамият диҳанду ман дар канор бошам. Вале чун рӯйрост эътироз карда наметавонистам, қаҳр мекардам.
Боре вақти хӯроки бегоҳӣ «касалам» омад. Дар косаи шӯрбои додарам ҳиссаи барзиёд, яъне ба ҷои як пора гӯшт ду пора дидаму алам кард. Мисле, ки нақора навозӣ, бо қошуқ ба косаи «сарбозӣ» пай дар пай кӯфтан гирифтам. Картошка як сӯ парид, сабзӣ як тараф, донаҳои нахӯд пош хӯрданд, оби шӯрбо рӯи дастархон рехт. Падар ба ғазаб омад: «Рав, гум шав!!!».
Худро кунҷи хона ҳаво дода, кӯрпаро ба сар кашидам ва дар таги он ҳиқ-ҳиқ гиряро сар додам. Акнун падар бо навозиш исрор мекард, ки «бачам, хез, шӯрбои нав меоранд». Аммо алами ман меафзуд. «Намехӯрам, намехӯрам» мегуфтаму гиря гулӯгирам мекард. Вале гуруснагӣ ғолиб омад. Рӯйи пурашкамро бо остин пок карда, мисли сангпушт сарамро аз таги кӯрпа берун овардам. Чӣ дидам? Ҳама табақу коса лесида мондагӣ. Аламам зиёдтар шуд. Болои ин, падар шӯхиомез нидо кард: «Дар табақ қайроқсанг монед, қаҳркардагӣ лесад».
Дигар худро дошта натавонистам. Ҳунгос зада, берун давидам. Берун торик. Аллакай соат аз 9 ба 10 кор мекард. Ман «ҷойи хоб» мекофтам.
Аз пушти хонаамон ҷӯйборе мегузарад, ки одамро то миён пинҳон мекунад. Он лаҳзаҳо ҷӯйбор об надошт. Як бағал паҳнбаргро кандаву даруни ҷӯйбори беоб густурдам ва дароз кашидаву чанд паҳнбарги дигарро лӯла карда, зери сар гузоштам. Аммо хоб аз куҷо? Аз як тараф «дарди бахилӣ», аз тарафи дигар хомӯшакҳо вингосзанон гирди сарам давр мегаштанд. Ҳудудан 20 дақиқа онҷо печутоб хӯрдам. Ҳамин вақт аз роҳи мошин, ки аз канори «ҷойхоб»-и ман мегузашт, овози шиноси ҳамсоя ба гӯш расид: «Асомуддин, дар торикӣ чӣ мековӣ?». «Буққачаамон аз пода наомадаст, ку ҳамин ҷоҳоро аз назар гузаронам…»,- ҷавоб дод падарам. Парида хестаму аз паси бораи ҷӯйбор ба роҳ дида дӯхтам. Ҳамсоя аллакай ғайб зада буд ва падарам чароғ дар даст бо роҳчаи пушти ошхонаамон сӯи хона мерафт.
Рости гап, бо ҳамон мафкураи кӯдакона ҳам ба падарам раҳмам омад. Хиҷил ва аз кори кардаам пушаймон шудам. Оҳиставу беовоз аз ҷӯйбор берун омадам ва як қадами падарро се қадам карда, ҷониби ҳавлӣ равон гаштам. Падарам дар айвон ба модарам чизе гуфт ва ба хонаи хоби худ даромад. Модар бошад, ба хонаи хоби мо — кӯдакон. Бо эҳтиёт дарро кушодаву вориди хона шудам. Модарам аз ҳама поён, канори додарчаи хурдиам менишаст. Чизе нагуфт. Ман ҳам хомӯшу сархам ба ҷойгаҳи худ даромадам ва аз роғи кӯрпа ба хонаи хоби худ гузаштани модарро хушҳолона наззора кардам.
Ҳоло чӣ? Ҳаҳаҳаҳ, не, ҳоло дигар парво надорам кӣ чӣ дорад, ҷаноби Хоҷаев. Касе, ки бо меҳнату заҳмат чизе ба даст овардааст, ҳалолаш бод. Нони касеро нимто карданӣ нестам. Мисли қаҳрамони манфуре, ки дар ҳикояи хурди як ҳамкасбамон ҷилва мекунад…
Боре рӯзноманигори ҷавони хубқалам Одили Нозир дар саҳифаи «Фейсбук» бо номи «Ҳамсояи 1 ва 2» ҳикояте пахш кард, ки айнан чунин аст: «Ҳамсояи 1 ҳамсояи 2-ро бад медид, то ҳадде, ки ҳар рӯз шеваи нави зараррасониро нисбати ӯ меҷуст. Ҳамсояи 2 боғи калону зебо ва сарсабзу пурборе дошт. Як рӯзи тобистон, ки айни авҷи пухтани себу нок, шафтолуи дерпазу биҳӣ ва анҷиру хурмо буд, ҳамсояи 1 ба боғи ҳамсояи 2 ҳарисона назар афканд ва дар вуҷудаш ҳисси нафрату бадбинӣ ва ҳирсу тамаъ туғён кард. Ӯ як сатил ахлоти одамӣ аз мабраз берун овард ва дар ҳотаи сарсабзи ҳамсояи 2 партофт. Дар гармои тобистон, бӯйи пурнакҳати анвоъи гуногуни меваву полезӣ ва гулу себаргаро бӯйи бад ва ганд пахш кард. Ҳамсояи 2 бӯйро пайгир шуд ва баробари дидани сатили ахлот, аз амали ҳамсояи 1 огоҳ гашт. Ӯ сатилро шуст ва онро пури себ карда, дар боғи хушку беҳосили ҳамсояи 1 гузошт. Писар ин амали падар дид ва сабаб пурсид.
— Ҳар касе дар бисот чизе дорад, онро ҳиммат мекунад, писарам!,- кӯтоҳ ҷавоб дод падар».
Ин яке аз беҳтарин пандҳост, ки хондам, дӯстам Хоҷаев. Ҳамсояи 2 басо хирадмандона андеша карда ва бар бадии ҳамсояи 1 бо некӣ посух додааст. Аммо ҳеҷ бовар надорам, ки ҳамсояи 1 баъд аз ин моҷаро назди ҳамсояи худ соҳиби эътибор бошад. Тавре Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳам дар «Ахлоқи муҳсинӣ»-и худ бо ишора ба «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» навиштааст, «салотин мардуми бахилро мулозими худ насозанд, ки аз эшон хиҷолат расад».
Пас, чӣ хуш аст, агар ҳама ҳамсояҳои бахил баъди шунидани чунин танзҳои кушандаву пандомӯз шарм доранд ва ислоҳ шаванд.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ