Бахшиши гуноҳ мехоҳам. Мусоҳиба бо як тоҷикистонӣ, ки аз зиндон ба ҷанги Украина бурда шуд
Дар канали расмии журналисти украинӣ Дмитрий Гордон дар YouTubе рӯзи 11-уми октябр мусоҳибаи ӯ бо як зодаи Тоҷикистон нашр шуд, ки Беҳрӯз ном дорад ва аз маҳбаси вилояти Самара ба ҷанги Украина рафтааст. Ӯ дар ин суҳбат дар боби чӣ тавр ба ҷанг ҷалб шуданаш, ваъдаҳои Евгений Пригожин ва ЧВК “Вагнер” ва таслим шуданаш ба артиши Украина қисса мекунад…
Пушти панҷара
Беҳрӯз мегӯяд, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, лекин аллакай ду бор ба зиндон маҳкум шудааст. Ӯ соли 2013 дар синни 16-солагӣ ба Русия омадааст, то ки ба падараш ёрӣ расонад.
“Падарам дар ферма кор мекард. Ман аввал дар сохтмон ва баъдан дар анборҳо кор кардам. Вақте ки 19-сола будам, барои дуздӣ ва роҳзанӣ ба муҳлати 7,5 сол зиндонӣ шудам”.
Беҳрӯз мегӯяд, ки баъди 5,5 сол пеш аз муҳлат озод мешавад ва дар Новосибирск, дар анбори интернет-мағозаи “Озон” ба кор шуруъ мекунад. Баъди 8 моҳ дубора бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба муҳлати 7,5 сол равонаи зиндон мешавад.
Даъвати Пригожин
Беҳрӯз мегӯяд, ки вақте як соли муҳлати зиндонро дар шаҳри Толятии вилояти Самара пушти сар кард, бо даъвати роҳбари ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин ба амалиёти низомӣ ҷалб шуд.
“Пригожин худаш ба зиндони мо омада, гуфт, ки артиши Русия ба кумаки мо ниёз дорад. Аз зиндони мо 200 нафарро ҷалб кард. Ваъда дод, ки агар ним сол ҷангем, моро афв карда, ҳамаи доғи судиамонро бекор мекунанд. Ва боз пул ҳам пардохт мекунанд. Сарфи назар аз муҳлати ҷазо”.
Беҳрӯз мегӯяд, ки баъди Пригожин як нафар аз Вазорати дифоъ низ омада, онҳоро “насиҳат” кардааст: “Шахсе ки аз Вазорати мудофиа омад, гуфт, ки падару бобоҳои мо бо немисҳо ҷанг кардаанд ва агар мо зинда монем, бо сари баланд мегардем, чунки дар фронт будем. Ҳамчунин гуфт, ки мо хати дуюми фронтро муҳофизат мекунем”.
15 рӯз омӯзиш
Беҳрӯз дар мусоҳиба мегӯяд, ки онҳоро дар Ростов 15 рӯз машқу омӯзиши ҳарбӣ доданд. Баъди ин онҳо дар ду мавзеъ барои худ хандақ мекобанд, то ки паноҳ баранд. Баъди ин, онҳоро ба ҳамла мебаранд.
“Вақте гуфтанд, ки ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ гирем, гӯё ба ҳамла рафтан лозим аст. Ҳама ба даҳшат афтодем, кадом ҳамла?! Охир, дар ин бора ягон гапе набуд-ку! Моро 110-нафарӣ мебурданд, ба ин тариқ 5 взвод ташкил шуд. Вазифаи мо нигоҳ доштани хати мудофиа муқаррар шуд. Вақте ки танкҳо омада, моро бомбандозӣ карданд, фармон доданд, ки ақибнишинӣ кунем. Рӯзи дигар ба деҳаи Новодонетск рафтем. Он ҷо ҳам хати мудофиаро нигоҳ доштан лозим буд. Он ҷо 10 рӯз истодем, аз ротаи мо талафот зиёд буд. Ба мо гуфтанд, ки чизҳоямонро ҷамъ кунем, то ки ба хати ҷангал равем. Бо гузашти чанде вақт аз 110 нафар 35 кас боқӣ монда, дигарон кушта ё захмӣ шуданд”.
Таслим ба Украина
Беҳрӯз мегӯяд, ки худаш ба артиши Украина таслим шудааст: “Мо се кас будем ва хеши як нафар аз мо дар Киев зиндагӣ карда, шиносҳои ӯ бар зидди Русия меҷангиданд. Ин шахс бо онҳо тамос гирифта, гуфт, ки моро метавонад наҷот диҳад, то ки ба “ҷанги пуршиддат” наафтем. Ба мо тариқи WhatsApp координатҳо фиристоданд, то ки ба мавзеи украиниҳо равем ва чӣ гуна беосеб аз майдонҳои минакоришуда гузарем. Агар чунин имкон дар рӯзҳои аввал пайдо мешуд, ман дарҳол розӣ мешудам. Чунки вақте аз 110 нафар 35 кас боқӣ мемонад, ту ё ҷиддӣ ҷароҳат бардошта, бедасту по мемонӣ ё кушта мешавӣ. Роҳи дигар нест”.
Тарс аз Русия
Беҳрӯз ҳамчунин дар ин суҳбат ба саволҳои сиёсии Гордон посух медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки мақсади ширкат кардан дар ҷангро надошт.
“Нақшаи ҷанг кардан надоштам, агар ман нияти ҳамлаву куштанро медоштам, вақте ки “Вагнер” бори аввал омад, розӣ мешудам. Боз он вақт ҳамагӣ ним сол буд. Ҳеҷ вақт ба самти Украина ягон тир холӣ накардаам”,- мегӯяд ӯ.
Ӯ мегӯяд, ки орзуи ниҳоияш баргаштан ба Тоҷикистон аст, зеро зодгоҳаш Душанберо 10 сол боз надидааст. Ӯ ҳамчунин аз он нигаронӣ мекунад, ки агар зимни додугирифти асирон ӯро ба Русия бидиҳанд, аҳволаш хеле бад мешавад.
Гордон аз Беҳрӯз суол мекунад, ки дар вақти намоз аз Аллоҳ чӣ мехоҳад? “Пеш аз ҳама, бахшидани гуноҳҳоям…”,- посух медиҳад ӯ.
Тоҷикон асири ҷанг
Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз ягона зодаи Тоҷикистон нест, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бо Украина фиристода шудааст.
Бо ин шева беш аз 100 шаҳрвандонаш ба ҷанг рафтаанд. Дар ин бора моҳи августи соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дода буд.
Мақомоти Русия барои иштироки тоҷикон ва дигар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар амалиёти ҷангӣ ба маҳбусон маоши хуб, бекор кардани доғи судӣ сарфи назар аз муҳлати ҷазо ваъда мекунанд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки маҳбусон иҷборан ба ҷанг бурда шудаанд.
Барои мисол моҳи феврали соли равон зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Мақсад Қурбоновро зӯран ба ҷанг фиристоданд. Дар ин бора наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Падари ӯ Файзулло гуфта буд, ки “Мақсад дар охирин суҳбаташ 4 моҳ пеш гуфтааст, ки “зиёда аз 100 нафар маҳбусонро ҷудо карда, зӯран ба Мариупол мефиристанд”. Мақсад ҳангоми задухӯрдҳо дар шаҳри Бахмут кушта мешавад.
Чунин ҳодисаҳо баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина зиёд ҳастанд.
Ҳамчунин мақомоти Русия ғайримаҳбусонро низ бо роҳи шартнома ба амалиёти низомӣ ҷалб мекунанд. Ахиран, қазияи Шарифҷон Тиллозода — актёри тоҷик расонаӣ шуд, ки барои ҷосусӣ муттаҳам мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки шаҳрвандони кишвари мо дар амалиётҳои низомӣ ширкат накунанд. Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои низомӣ дар кишварҳои хориҷа ҷиноят буда, чунин нафаронро зиндон таҳид мекунад. Вале бо вуҷуди ин, чунин ҳолатҳо рух медиҳанд.
Бинобар ин, ҷавонмардони тоҷикро зарур аст, ки эҳтиёт бошанд. Дар сурати ба чунин ҳодиса рӯ ба рӯ шудан ба мақомоти кишвар муроҷиат кунанд. Муҳоҷирон метавонанд ба намояндагии Тоҷикистон дар Русия низ муроҷиат намоянд. Зеро ҳеҷ чиз арзиши онро надорад, ки инсон ҷонашро барои ҷанги дигарон зери хатар бимонад.
Д. ҚОДИРПУР,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ