БАХТИ БАРГАШТА. Гузориш аз зиндони занони шаҳри Норак
Вақте зан-модарро, умуман, бонувонро дар маҳбас мебинед, ки аз фироқи наздикони худ ашк мерезанд, басо риққатовар аст. Аммо чӣ илоҷ, ки ҳар амалро пеши қонун ҷавобгарӣ интизор аст. Мо тасмим гирифтем, ки ба муассисаи ислоҳии ЯС3/8, ки ягона дар ҷумҳурӣ барои занҳо мебошаду дар деҳаи Чал-чали шаҳри Норак воқеъ аст, сафар намуда, бо зиндагии маҳкумшудагон аз наздик ошно шавем.
Сардори муассиса Робия Алимова ва кормандонаш моро истиқбол гирифта, бо тартиби рӯзи маҳкумшудагон ва шароиту зиндагии онҳо ошно намуданд. Дар муассиса бонувоне, ки ҷинояти онҳо ба се баст тақсимбандӣ шудааст, адои ҷазо менамоянд.
Нахуст аз нонпазхона боздиди худро шуруъ намудем, ки дар он ҷо бонувон ба нонпазӣ машғул буданд. Сипас, китобхонаро аз назар гузарондем ва дар он ҷо китобу рӯзномаҳои зиёде буданд. Маззаи таоми ошхона бошад, хеле хуб буд ва маҳкумшудагон бонавбат ба таоми нисфирӯзӣ меомаданд.
Баъдан, хоҳиш намудем, ки бо чанде аз маҳбусон ҳамсуҳбат шавем.
«Тоҷикистон аз Арабистон беҳтар аст…»
-Ман Р. Ҷ., 43 сола ҳастам ва бо гумони даст доштан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ ба маҳкама кашида шудам. Аслан, гунаҳкор шавҳарам аст, ки аз баъзе фаъолияти ӯ ман бехабар мондам. Ману шавҳарам дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекардем ва ӯ ба ҳайси тарҷумон кор мекард. Соҳиби ҳафт фарзанд мебошем. Моро дастгир карда, ба ҳабс гирифтанд ва дар шаҳри Ҷидда маҳкум шудам. Ману шавҳарам дар ҳабс будему писари калониам, ки 20 — сола буд, бо 5 хоҳару додари хурдаш дар хона монд. Ман бошам, бо тифли ширмаки 7 — моҳаам дар ҳабсхонаи занона будам. Писарам барои таъмини рӯзгори додару хоҳарчаҳояш дар Арабистон ба кирокашӣ машғул мешуд. Аммо мегӯянд, ки фалокат аз таги по мебарояд. Мошинаш ба садама дучор шуду дигар натавонист кор кунад. Ба роҳбарияти маҳбас муроҷиат намуда, хоҳиш намудам, ки ба ман коре ёфта диҳанд. Каму беш аз уҳдаи дӯзандагӣ мебаромадам. Мошинаи дарздӯзиеро оварданд ва либосҳои гуногун дӯхта, ба маҳбусон ва фарзандони онҳо мефурӯхтам. Рости гап, он ислому мусалмоние, ки мо мегӯем, дар Арабистон нест, беҳтарин инсонияту мусалмонӣ дар кишвари мо — Тоҷикистон ҳаст. Ман нома навишта, хоҳиш намудам, ки маро ба Ватани худам интиқол диҳанд. Ҳоло 7 моҳ боз дар Ватан адои ҷазо менамоям.
«Се сол боз касе ба аёдати ман наомадааст…»
Зани дигаре омада, хоҳиш намуд, ки чанд сухан гӯяд:
— Мо бонувон аз Пешвои миллат, аз падари бузургвори миллатамон хоҳиши онро дорем, ки ба мо бори дигар раҳм намоянд ва авф кунанд. Ба он кас саломатӣ ва умри дароз таманно дорем. Илтимос хоҳиши моро расонед.
— Шумо бо кадом ҷурм ин ҷо ҳастед?
— Ман бо моддаи 104, яъне одамкушӣ адои ҷазо менамоям. Соли 1995 дар Шӯрообод ба дунё омадаам. Дар хонаводаи шавҳарам рӯзи хуш надоштам ва нисбат ба ман таҳқирҳои зиёде мекарданд. Ба ҳамаи ин тоб наоварда, ба хотири гирифтани қасос аз чунин хонавода хостам худкушӣ намоям. Тифлаки ду солаи худро ба оғӯш гирифтаму худро ба дарё партофтам. Маро наҷот доданд, аммо тифлакамро не. Падару модар надорам, се сол боз касе ба аёдати ман наомадааст.
«Ҷои ман боз ин ҷо хоҳад буд» …
А. дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, ки зиндагии сангинро паси сар кардааст ва дар ҳаёташ лаҳзаҳои нишотбахш хеле каманд.
— Вақте бори аввал ҳабс шудаму ба озодӣ баромадам, ҷомеа бо чашми нафрат ба ман менигарист ва дар ҳама ҷо маро нишон дода, мегуфтанд, ки бинед, маҳбасӣ меояд. Падару модар ва хонаву дар ҳам надорам, як хоҳар дорам, ки қариб буд аз пушти ман зиндагияш вайрон шавад. Зеро шавҳараш шарт гузошт, ки «ё маро интихоб мекунӣ, ё хоҳари «туремщик» -атро… Ночор аз манзили иҷораи ӯ берун шудам. Хуллас, бори охир бо гуноҳи авбошӣ боз ҳамин ҷо омадам. Ҳоло ба ҳайси ороишгари мӯй кор мекунам ва ба бонувони хоҳишманде, ки мехоҳанд худро орою торо диҳанд, хизмат мерасонам. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳае ба бонувоне, ки ин ҳунарро меомӯзанд, сертификатҳо дода мешавад. Аз шароити маҳбас шикояте надорам, ин ҷо ҳам хӯрок ҳасту ҳам ҳаммом. Хуллас, ҷои мани таҳкиршунидаю таҳқирдида берун не, балки ҳамин ҷост…
«Чор фарзандамро куштам, аммо худам бехабар мондам»
-Номи ман Н., соли 1990 дар Кӯшониён ба дунё омадаам. Зиндагии орому осудае доштем ва шавҳару аҳли оилаи онҳо аз ман розӣ буданд. Ман чор фарзанди худро буғӣ намуда, дар ҳолати ноогоҳӣ куштам… Қаблан ман ҳатто кӯдакони худро намезадам. Ба ман 25 сол доданд… Мактаби миёнаро то синфи 7 хондам. Падарам усто ва модарам дар бозор савдогар буданд. Модарам ҳастанд, аммо падарам дар қайди ҳаёт нестанд. Модарам низ 10 сол дар маҳбас буданд. Он замон ман дар тарбияи холаам будам. Бо акаам ба дидорбинии модарам меомадем, — мегуфт бо ашки резон Н.
Нахостем ӯро зиёд бо саволҳои худ азият диҳем. Роҳбари муассиса Р. Алимова иброз намуд, ки дар ҳаққи Н. ҳама суханҳои хуб мегӯянд. Шавҳараш ва аҳли оилаи ӯ ба дидорбинӣ меоянд, ҳамсояҳо, ҳамдеҳаҳо таъриф мекунанд. Дар маҳбас низ ӯ ба тозагӣ аҳамияти хоса дода, супоришҳоро зуд иҷро менамояд.
«Аз як оила се нафар дар ҳабсем»
— Ман Э. С. зодаи шаҳри Кӯлоб буда, бо моддаи 200, 12 солу 6 моҳ ҳукм гирифтам. Мо аз як оила се нафар дар ҳабсем: ману шавҳарам ва фарзандам. Тӯли чор сол аст, ки ин ҷоям. Ман ҳамчун зан- фармонбардори шавҳар гапи ӯро рад карда натавониста дар нигоҳдошти маводи мухаддир шарик шудам. Се фарзанди дигарам дар берун мебошанд. Аз хонаи мо 6 кг маводро ёфтанд. Умедворем, ки ба озодӣ бароем. Занҳои ҷинояткор пушаймонанд ва интизори бахшиш ёфтани гуноҳҳои худ ҳастем.
Дар хонаи модару кӯдак
Пас аз он ки қисми тиббиро дидан намуда, бо беморони табобатгиранда ҳамсуҳбат шудем, ба ҷойи зисти модарону кӯдакон рафтем. Дар ин тараф майдонча барои бозии кӯдаконе, ки модарашон маҳбас шудаанд, ҷой дошта, ҳар яки онҳо дар ҳуҷраҳои алоҳида бо фарзандони хурдсолашон адои ҷазо мекунанд.
— Ман сокини шаҳри Душанбе Ш. мебошам. Аз рӯи ихтисос ман ҳуқуқшинос ҳастам. Вақте ба маҳбас омадам, кӯдакам дар батнам буд. Кӯдаки калониям 8 сола аст ва бо модарам монд. Ман писарчаи худро, ки ҳоло 7 моҳа мебошад, дар маҳбас ба дунё овардам, — мегӯяд Ш.
Дар ин ҷо 6 кӯдаки хурдсол -се писару се духтар бо модарони худ зиндагӣ менамоянд. Вақте кӯдакон се сола мешаванд, онҳоро наздиконашон мегиранд ё ба хонаи кӯдакон месупоранд ва то озод гаштани модарашон онҷо нигоҳубин мешаванд…
Дар суҳбати масъулин
Робия Алимова, полковники хизмати дохилӣ, сардори муассисаи мазкур:
-Аслан, ман омӯзгори забон ва адабиёти рус ҳастам. Ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе мешаваду фаъолияти ман дар самти муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегирад. Пас аз солҳои 90-ум фаъолияти худро дар чунин муассисаҳо оғоз намудам. Аз моҳи апрели соли 2019 инҷониб сардори муассиса мебошам. Солҳои зиёд ба ҳайси муовин дар ин муассиса кор мекардам. Ҳолатҳое мешуд, ки аз сабаби муовин буданам на ҳама корро ба таври бояду шояд роҳандозӣ карда метавонистам ва мегуфтам, ки агар сардор шавам, корро каме дигар мекунам. Ва ҳоло, ки сардори муассиса мебошам, нақшаҳои худро амалӣ намуда, пеш аз ҳама таваҷҷуҳро барои ободии муассиса равона сохта истодаем. Дар муассисаи мо истеҳсолот низ ба роҳ монда шудааст ва сехи дӯзандагӣ, ки ҳамарӯза бонувони зиёд дар он кор мекунанд, маҳсулоти худро ба ширкатҳои фармоишдода мефурӯшад.
Пас аз суҳбат дарк намудем, ки Робия Бекмуродовнаро қисмат бидуни ягон ҳукме ба ҳамин муассиса овардааст ва ҳар рӯз ӯ дар ин ҷосту пайваста барои ободию беҳбудии муассиса ва зисту зиндагии маҳкумшудагон талош меварзад. Ин бонуи ҷонфидо касби худро дӯст медорад. Беҳуда набуд, ки маҳкумшудагон пайваста ӯро ситоиш намуда, таъйин шудани зан-бонуро ба вазифаи роҳбарии маҳбасхонаи занона амали хеле ҳам дурусту одилонаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати адлия унвон намуданд…
Мутриба Тӯйчизода,
Насрулло Тӯйчизода,
Душанбе- Норак- Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ