Бахтиёр 7 нафарро кушт ва 7 солу 6 моҳ зиндонӣ шуд
Ронандаи мошини боркаше, ки сабабгори кушта шудани 7 нафар шуда буд, бо ҳукуми суди шаҳри Ваҳдат ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 июл гуфтаанд, ки Бахтиёр Маҷидов, ронандаи мошини “3ил-130” барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ гунаҳгор дониста шудааст, зеро вай «дар қисми болои автомашина ҷойи борбардории он ғайриқонунӣ зиёда аз 25 нафар мусофиронро савор карда, ҳангоми фаромадани баландии роҳи қабристони Роҳатӣ аз уҳдаи рондани автомашина набаромада автомашинаро дар канори роҳ чаппа менамояд”.
Дар натиҷаи ин ҳодиса боз 2 нафар ҷароҳати вазнин ба саломатӣ ва 2 нафари дигар ҷароҳати миёна ба саломатӣ бардоштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ