Бахтиёр Муртазо ва Маъруф Бобоҷон соҳиби унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон
18 август дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Аз ҷумла ба ду адиби шинохта Бахтиёри Муртазо ва Маъруф Бобоҷон унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон эъто гардид.
БАХТИЁРИ МУРТАЗО
(Бахтёр Қосимзода Муртазо) 23 майи соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷи¬кистон ба номи В.И.Ленин ба рӯзноманигорӣ шуғл варзида, дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» хидмат кардааст. Ҳоло раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.
Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғ. мебошад.
Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.
Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и Ч. Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги заррин»-и К. Паустовский ва асарҳои дигар адибонро ба тоҷикӣ гардондааст.
Солҳои 1969-1973 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва 1979-1982 ба сифати афсар хизмат кардааст.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Бо нишони «Ситораи сурх» ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
МАЪРУФ БОБОҶОН
Маъруф Бобоҷон 3 ноябри соли 1945 дар деҳаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1967 онро бо дипломи аъло фарҷом бахшидааст. Солҳои 1968-1986 фаъолияташро дар Кумитаи садо ва симои тоҷик идома додааст.Баъдан (1986-1990) сардори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардори Идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллифони назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ (то 1995) будааст. Ҳоло муовини котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раиси нашриёти «Анис» ва сармуҳаррири маҷаллаи «Аниси Ватан» мебошад.
Ҳикояву очеркҳои Маъруф Бобоҷон ҳанӯз аз солҳои донишҷӯй буданаш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ», чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабӯтар» (1981), «Асири ҳафтум» (1985), «Бист дақиқаи интизорӣ» (1987), «Боғи умед» (1989), «Муҳаммад» (1991), «Бандии ихтиёрӣ» (2002), «Тавба» (2010), романи «Умеди вопасин» (2012), маҷмӯаи очеркҳои «Ҳодӣ Кенҷаев» (1970), «Фарзанди замин» (1974), «Имрӯзу фардои деҳот» (1980), «Зиёрати Байтулмуқаддас» ва ғ. мебошад. Нашриёти «Светакан грох»-и Ҷумҳурии Арманистон қиссаҳои «Шаби охирин» ва «Ҷуфти кабӯтар»-и ӯро (1987) дар як ҷилд дастраси хонандагони арманизабон гардондааст. Қиссаи «Тавба» ба забони ӯзбекӣ дар нашриёти «Анис» (2011) интишор ёфтааст. Асарҳои ҷудогонаи А.П.Чехов, К.Чапек, Э.Ҳемингуэй, қиссаи П.Лукнитский «Босмачиҳо дар Осиё» (1976), романи нависандаи кубоӣ К.Ловейра «Генералҳо ва духтурҳо» (1988), маҷмӯаи ҳикоёти адиби туркман Н.Сарихонов «Шукур-бахшӣ», К.Солиҳов «Аз пайи ҷи-ай» ва ғ.-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1980); Корманди шоистаи Тоҷикистон (2004); Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ