Бахтиёри исфарагиро 9 сол зиндон карданд
Додгоҳи Исфара як сокини 24-солаи ин шаҳрро барои ташкили «иттиҳоди ҷиноятии ифротӣ» дар Русия ва “гусели” ҷавонон ба майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия 9 сол равонаи зиндон кард. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки Бахтиёр Солиев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва “Ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва даъват ба ифротгароӣ” айбдор шудааст.
Ин ҷавон 15 январи имсол, баъди дуним соли муҳоҷират дар Русия ба Исфара баргашт ва аз тарафи маъмурони пулис боздошт шуд.Дар Додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, ки Бахтиёр дар Русия як гурӯҳи ҷиноӣ таъсис дода, ҷавононро ба Сурияву Ироқ сафарбар мекард. Ҷинояте, ки бо он Бахтиёр муттаҳам мешавад, аз 8 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “бинобар эътироф ва ҳамкории содиқона бо тафтишот” ҷазои ӯ камтар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ