Бахтиёрро аз зери тарма кӣ наҷот дод?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти Бахтиёр Шафиев, ронанди 47-сола хабар дод, ки 14-уми феврал бо мошинаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи қабули занги телефонӣ наҷотдиҳандагони ин ниҳод ба ҷои ҳодиса, километри 71-ум ҳозир шуда, мошини “Ниссан”-ро аз зери барф берун кашидаанд: “Наҷотдиҳандагон ба таври фаврӣ ба ронанда аввалин кӯмаки тиббӣ расонда, ӯро гарм карданд ва ғизои гарм доданд”.
Аммо шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Шафиевро ронанда ва мусофирони дигар наҷот додаанд. Исмоил, як шоҳиди ин ҳодиса дар шабакаи фейсбук навиштааст, ки ронанда аз зери тарма занг задааст ва беш аз ҳама Саъдулло ва Миралӣ, сокинони маҳаллӣ барои наҷоти ӯ аз зери тарма талош карданду ниҳоят муваффақ шудаанд. Ин шоҳид мегӯяд, техникаю таҷҳизоти роҳтозакунӣ тақрибан баъди ду соати рух додани ҳодиса ҳозир шуданд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари фаромадани тармаҳои нав дар роҳҳои кишвар ҳушдор дода, аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки то 18-уми феврал аз сафар тариқи масирҳои хатарнок худдорӣ намоянд. Ба иттилои манбаъ аз 15 то 18 феврал боридани барфу борони шадид ва дар навоҳии кӯҳии кишвар рехтани барфи тар дар назар аст: “«Дар масири Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва фаромадани тарма вуҷуд дорад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ