Байден магар бадтарин президент дар таърихи Амрико аст?

Чаро чинин гуфтаанд? Ин гуфтаро сабаб чист? Магар Байден бадтарин президент дар таърихи ИМА аст?

Собиқ ноиби президенти ИМА Майк Пенс гуфт, Ҷо Байден бадтарин президент дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. «Ман фикр мекунам, ки президент Байден ба Амрико нисбат ба дигар президентҳои таърихи муосир бештар зарар расонидааст. Буҳрони бадтарин дар таърихи мо ҳоло дар хона рух медиҳад”,- гуфтааст Пенс ба Fox News.

Пенс қайд кардааст, ки таваррум дар Иёлоти Муттаҳида дар 40 соли охир ба ҳадди максималӣ расида, нархи бензин 70 фоиз боло рафт. Ӯ ёдоварӣ аз хуруҷи неруҳо аз Афғонистон ва ҳисобҳои нодуруст дар мубориза бо коронавирусро фаромӯш накардааст.

Қаблан «SP» навишта буд, ки фурӯшандагони маводи ғизоӣ дар Олмон аз рӯзи душанбеи 4-уми апрел 20-50 дарсад болоравии нархро эълон карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *