Байден. Оқибати тасмими ӯ дар Афғонистон чист?

«Ман аз нияти худ барои лағви мақоми Афғонистон ба унвони иттифоқчӣ берун аз НАТО хабар медиҳам»,- омадааст дар номаи Байден.

Президенти ИМА Ҷо Байден Конгрессро аз нияташ дар бораи маҳрум кардани Афғонистон аз мақоми иттифоқчии Вашингтон берун аз НАТО огоҳ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Сафед изҳороти дахлдор нашр кардааст.

«Ман аз нияти худ барои лағви мақоми Афғонистон ба унвони иттифоқчӣ берун аз НАТО хабар медиҳам»,- омадааст дар номаи Байден.

Бояд гуфт, ки ИМА дар соли 2012 Афғонистонро ба рӯйхати иттифоқчиёни аслии худ берун аз НАТО шомил карда буд.

25-уми апрели соли 2021 ИМА ва НАТО ба хориҷ намудани неруҳо аз як қатор пойгоҳҳо дар Афғонистон шуруъ карданд. Дар ин бора фармондеҳи неруҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Скотт Миллер изҳор дошт. Вай афзуд, тамоми пойгоҳҳое, ки дар он артишҳои Амрико ва паймон ҷойгир буданд, ба ихтиёри неруҳои мусаллаҳи Афғонистон супурда мешаванд. Пас аз он, ки неруҳои низомии Амрико Афғонистонро тарк карданд ва сухангӯи Пентагон генерал Кеннет Маккензи дар бораи анҷоми амалиёти эвакуатсияи мардум аз Кобул эълон дошт, толибон эълон карданд, ки назорати комили ин кишварро ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *