Байдени 79-сола боз президент шуданист
Интихоботи навбатии президентӣ дар Амрико моҳи ноябри соли 2024 баргузор мешавад. Ҷо Байдени 79-сола ният дорад, ки барои даври дуввуми президентӣ ширкат кунад.
Ин хабарро сухангӯи Кохи сафед Карин Жан-Пер дар шабакаи телевизионии CNN тасдиқ кард. Худи Ҷо Байден гуфта буд, ҷонибдори он аст, ки Доналд Трамп дубора рақиби ӯ дар интихоботи соли 2024 шавад.
Аксари коршиносон ширкати Байденро дар интихоботи навбатӣ ғайривоқеӣ унвон мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ