Байинат Турсунова: Сиёсати падар нақши калидӣ дорад

Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” як тоҷики бурунмарзӣ, сокини деҳаи Янгиобод, ноҳияи Муздурободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, модари ҳаштоду сесола Байинат Турсунова мебошанд.

Саволи мо ба меҳмонамон чунин аст:

— Имрўз аксари падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, оё модар метавонад дар танҳоӣ фарзанди солеҳ тарбия намояд?

— Муҳоҷирати меҳнатӣ имрўз танҳо хоси мамлакатҳои мо нест ва ин раванд ҷаҳонро фаро гирифтааст. Мардони мо ба хотири хуб кардани вазъи оилавии худ чанд муддат тарки хонаву дар карда, ба мамлакатҳои дигар барои кор мераванд. Ман гумон дорам, ки падари хуб метавонад аз дурӣ ҳам тарбияи фарзандони худро назорат кунад, албатта дар такя ба ҳамсари худ. Модарони моро зарур аст, ки ягон гуноҳи фарзандонро аз падарашон пинҳон накунанд. Нашавад, ки падар аз камбудиҳои фарзанд бехабар монад.

Дар вақташ моро ҳам модаронамон дар танҳоӣ калон кардаанд, падари ман раиси колхоз буданд, солҳои шӯравӣ раиси колхоз будан кори осон набуд. Падарамон субҳи солеҳон ҳангоми хоб будани мо аз хона берун мешуданд ва шаб низ ҳангоми хоб будани мо хеле дер бармегаштанд. Аммо модарамон моро хеле хуб тарбия намуданд. Агар додаронам ягон гуноҳ мекарданд, «ба падаратон мегўям» гуфтани модарам кофӣ буд, ки онҳо бори дигар ба он роҳи рафтаашон қадам нагузоранд. Аз даҳ нафар фарзандони оила мо ҳамагӣ дорои маълумоти олӣ ва мавқеи хос дар ҷомеа ҳастем.

Мегўянд, ки духтар оиладориро аз модари худ меомўзад, ин ҳақиқати зиндагист ва ҳамаи онҳое, ки ба модараш нигариста, духтарашро келин мекунанд, хато накардаанд. Шавҳари ман ҳам дар вазифаҳои роҳбарӣ як умр кор кардаанд, ман мисли модарам як хонаи меҳмондорро уҳда карда, боз тарбияи фарзандонамро сахт назорат мекардам. Даҳ нафар фарзандро бо обрўи муҳаммадӣ калон кардем, хонондем, хонадор кардем ва ба зиндагии мустақил равон намудем. Шавҳари раҳматиям барвақт аз олам рафтанд ва ман имрўз дар сояи давлати фарзандон зиндагӣ дорам.

Суханҳои дар боло гуфтаи ман ҳаргиз маънои онро надоранд, ки модарон метавонанд бе падар бори зиндагӣ кашанд. Дар оила сиёсати падар нақши калидӣ дорад, аммо падар хоҳ дар Ватан бошад, хоҳ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, нақши ризқрасонро бозӣ мекунад. Модари бомаърифат ва тарбиядида кӯшиш мекунад, ки фарзандонаш набудани падарро дар хона эҳсос накунанд.

Суҳбати ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *