Байни ДМТ ва Донишгоҳи Панҷоби Покистон Ёддошти тафоҳум имзо шуд
Самти робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. 2 июли соли равон Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Панҷоби Покистон дар масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора аз ДМТ ба Pressa.tj иттилоъ доданд.
Масъалаҳои зерин аз ҷумлаи ҳамкориҳост, ки дар санади мазкур зикр шудааст:
— Табодули ҳайати омӯзгорон бо мақсади гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва пешниҳоди курсҳои махсус аз рӯйи ихтисоси онҳо;
-Барномаҳои табодули олимону донишҷӯён дар самти таҳсил дар хориҷа;
-Ташкили барномаҳои муштараки тадқиқотӣ;
-Машварат ва роҳбарии унвонҷӯён;
-Мубодилаи адабиёти илмӣ ва таълимӣ, ки аз ҷониби ҳарду тараф таҳия мешавад, инчунин мавод оид ба мавзуъҳои муҳимтарини тадқиқоте, ки аз ҷониби муҳаққиқони ҳарду ҷониб гузаронида мешаванд.
-Ташкили конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, суҳбатҳо, маҳфилҳои адабӣ ва ғайра.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ