Байни филармонияҳои Тоҷикистону Беларус созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд
Дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон миёни филармонияҳои ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд. Созишномаро Раҳмонзода Бахтовар ва Никита Александр, директорҳои филармонияҳои ду кишвар имзо карданд.
Бояд гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон 25-уми ноябр оғоз гардид ва имрӯз, 27 ноябр ба анҷом мерасад.
Бино ба иттилои вазорати фарҳанг, 25-26 ноябр дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи мустанади адабӣ баргузор гардид.
Ба намоиш маҷмуаи ашъори адибону шоирони Беларус ва аксу ашёи таърихӣ пешниҳод гардид, ки онҳоро омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, аҳли санъату ҳунар ва ходимони илмии Осорхонаи миллӣ тамошо намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки солҳои 2008, 2016 ва 2021 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ва Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015 ва 2018 доир гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ