Байни вилоятҳои Суғду Тошканд «Харитаи роҳ» имзо шуд

Дар ноҳияи Чирчиқ Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Тошканд доир гардид.  Дар ҳошияи форум байни  вилоятҳои Суғду Тошканд «Харитаи роҳ» имзо шуд.

Гуфта мешавад, ки дар форум раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев, соҳибкорону сармоягузорони ду тараф иштирок намуданд.

Дар ҳошияи форум ҳайати вилояти Суғд  бо фаъолияти корхонаи «Азия Ташкентский текстиль» шинос шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, миёни соҳибкорони ду вилоят мулоқоту вохӯриҳо дар шакли B2B ва B2G ҷараён гирифт.

Ҳамчунин, дар доираи форум имкониятҳои сармоягузории ду минтақа муаррифӣ шуда, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *