“Байрактар”-ро нобуд карда мешавад?
Боз хабар расид, ки тайёраи бесарнишини қотили Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон даромадааст. Нобуд сохтани «Байрақдор» имкон дорад ва ҳамарӯза чандин адади онро дар ҷанги Россия нобуд сохта истодаанд.
Тайёраи бесарнишини компютеризатсияшудаи «Байрактар ТВ2» истеҳсоли ширкати «Baykar Makina»-и Туркия аст. Аз 12 то 24 соат метавонад то баландии 8,2 км парвоз кунад. 4 тир ё мушакро мебардорад. Дарозиаш 12 метр, дарозии қанотҳояш 6 м. То 150 кг борро бардошта метавонад. Барои муқоиса тайёраи «Абобил»-и Эрон ҳамагӣ 16 кг мебардорад, якчанд гранатаи дастӣ. «Байрақдор» аз базаи идорашавандааш то 150 км дур парвоз карда метавонад. Суръати ҳаракаташ то 222 км соат. Одатан аз рӯйи суръати 150 км соат ҳаракат мекунад. Ҳадафро дар масофаи 8 км нест карда метавонад, агар мутахассиси хуб тавассути компютер онро идора карда тавонад.
Албатта яроқи хавфнок аст. Аммо агар дар паяш бошем, сад фисад боварӣ ҳаст, ки онро нобуд карда метавонем. Камтарин яроқ — пулемёти «Калашников» дар сурати қулай афтидану дуруст истифода бурдан онро нест карда метавонад.
Беҳтараш кишвари мо барои нобуд сохтани ин бало бояд мушакпартои идорашавандаи «Стингер»-и барориши Амрико дастрас кунад. Ин яроқ дар фурӯш ҳаст, хоса мо бо Амрико муносибати хуб дорем. Россия чунин яроқ дорад, аммо намедиҳад ва медонед бо кадом сабаб, «Байрақдор»-ро ҳам намезанад, ба Россия умед баста ҳам намешавад, аз худамон намонем. То соли 2010 мо хеле заиф будем, ҳоло, ки ба по хестем, қудрат дорем артиши қавӣ ташкил кунему «Байрақдор»-ро ҳам занем.
Дар ин роҳ муҳимтарин иқдом эҳтироми шаҳидони роҳи муҳофизати Ватан ва аскару афсарони шуҷоъро ба ҷо овардан аст.
А. ИБРОҲИМ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ