Баландтарин арчаи солинавӣ дар Ишқобод
Арчаи солинавии шаҳри Ишқободи Туркманистон дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баландтарин унвон шуд.
Сомонаи ТурСтат рейтинги баландтарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои ИДМ- ро тартиб дод.
Арчаи Ишқобод бо баландии 40 метр дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Арчаи Ереван, пойтахти Арманистон бо баландии 37 метр дар мақоми дувум ва арчаи Тошканд бо баландии 36 метр дар мақоми севум ҷой доранд. Арчаи Душанбе дар ин рейтинг баъд аз Бокуву (34) Минск (30) бо баландии 29 метр дар ҷойи шашум қарор дорад.
Арчаи Ишқобод дар яке аз майдонҳои марказии он шаҳр гузошта шудааст.
Арчаи Ишқобод соли гузашта низ бо баландии 38 метр дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ