Балерина ва актриса Сталина Азаматова даргузашт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, балерина ва актриса, устоди балет Сталина Азаматова дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.

Сталина Азимовна 2 январи соли 1940 дар Сталинобод таваллуд шуда, волидонаш ба хотири Иосиф Ҷугашвилӣ ӯро Сталина ном карданд. Номбурда соли 1958 омӯзишгоҳи хореографии ба номи Вагановаи Ленинградро хатм карда, соли 1977 факултаи балейтместрии ГИТИС-ро хатм кардааст.

Аз соли 1958 фаъолияти худро ҳамчун солисти Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз карда, солҳои тӯлонӣ дар ин даргоҳ фаъолият кардааст. Ӯ яке аз нахустин балерина аз тоҷикон аст.
Баъди хатми карераи рақс ӯ ба сифати режиссёр ба саҳнагузоранда балетҳои «Юсуф ва Зулайхо» (композитор Толиб Шаҳидӣ), «Рубоиёти Хайём” (филм-балет композитор Толиб Шаҳидӣ), “Марги судхӯр” (композитор Толиб Шаҳидӣ), «Қиссаи кӯҳистон» (композитор Юрий Тер-Осипов), “Писари Ватан” (композитор Юрий Тер-Осипов) ва ғайраро ба саҳна гузоштааст.

Сталина Азаматова барои тамошобини тоҷик ҳамчун актрисаи кино шинохта шудааст. Ӯ аз соли 1959 то соли 1972 дар филмҳои “Қисмати шоир”, “Насриддин дар Хуҷанд”, “Вақте гулҳо мешукфанд”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Опрератсия “Кобра”, “Зумрад”, “Дӯст медорад ё не?”, “12 соати ҳаёт”, “Роҳи душвор”, “Шаби 1002-юм”, “Рояли сафед” ва ғайра нақш офаридаас. Фаъолияти актрисагии худро ӯ дар 32 солагӣ хатм кард.
Санъатшиносон марги Сталина Азаматоваро талафоти калони санъат арзёбӣ карда, нақши ӯро дар рушди фарҳанги тоҷик барҷаста арзёбӣ мекунанд.
Театршинос Маҳмадулло Табарӣ мегӯд, ки Сталина Азаматова барои санъати балет дар Тоҷикистон хизмати мондагор кардааст. “Номбурда баъди Лутфи Зоҳидова аз аввалин тоҷиконест, ки пуантаро ба пояш пӯшид ва санъати балетро дар кишвари мо рушд дод. Ӯ дар баробари балеринаи маъруф будан, ба сифати устод даҳҳо шогирдро тарбия намуд ва барои ҳунарнамоии онҳо роҳ кушод”-гуфт ӯ.
Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони кишвар низ нақши марҳумро дар инкишофи кино бориз медонад: “Сталина Азимовна ҳамагӣ 10 сол ба сифати актрисаи кино баромад кард, вале дар ин давра дар 20 филм баромад намуд. Зеро режиссёрҳо истеъдоди баланд ва ҳунари волои ӯро медонистанд, зебогияшро қадр мекарданд. Фақат филм-балети “Рубоиёти Хайём” кифоя аст, хизмати эшонро дар рушди кинои тоҷик бориз арзёбӣ кунем.
Сталина Азаматова вақтҳои охир бознишаста буд ва тайи чанд рӯзи охир шадидан бемор шуда, рӯзи ҷумъа аз дунё гузашт ва имрӯз дар намози ҷумъа ҷанозаи ӯро хонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *