Бангдонаи афғон аз сарҳади Тоҷикистон нагузашт

Шаби 8-ум ба 9-уми июн хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Шӯрообод» Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ҳангоми ҳимояи хати сарҳади давлатӣ кӯшиши ба ҳудуди Тоҷикистон ворид кардани маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Дар ин бора  сардори хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод.
Мувофиқи суханони М. Улуғхоҷаев, «Дар вақти пешбурди хизмати наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» миёни сарҳадбонон ва гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълум ҳангоми убури ғайриқонунии хати сарҳади давлатӣ задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад».
«Қочоқчиёни афғон ба муқовимати қатъӣ ва чусту чолоконаи cарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, тариқи қамишзор ба самти Афғонистон баргаштанд», — таъкид кард М. Улуғхоҷаев ва гуфт: «Ҳангоми аз назар гузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 15 кг маводи мухаддири навъи бангдона, як адад яроқи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд».
Аз рӯи ҳодисаи мазкур  тафтишот оғоз карда шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *