Бангихона дар Душанбе
Мақомоти ҳифзи қонун дар Душанбе як фасодхона ваё бангихонаеро ошкор кардаанд, ки дар дохили он дар лаҳзаи тафтишот чанд нафар баъди истеъмоли маводи мухаддир қарор дошт. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангуи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир гуфтаанд, ки бангихона дар кӯчаи академик Раҷабовҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 7 июл ошкор шудааст.
Ҳангоми кофтуков дар ин манзил маводи сахттаъсири ҳероин барои истеъмоли чанддафъаина ва 15 адад сӯзандоруи истифодашуда ошкор шудааст. Бо гумони ташкили бангихона марди 41-солаи сокини пойтахт боздошт шудааст, ки дар гузашта ду маротиба барои даст доштан дар ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Фарзияи пешакӣ ин аст, ки ин бангихона давоми ду моҳ кор кардааст. Боздоштшуда гуфтааст, ки худи ӯ ҳам як мӯътоди маводи мухаддир аст ва ҳероинро аз шиносаш бо номи “Амир” бо ҳадафи фурӯш дастрас мекард. Дар паи ин ҳодиса ду гумонбари дигар дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дастгир шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ