Бангладешиҳо  дар марзи Тоҷикистон чӣ кор мекунанд?

Мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз боздошти 7 шаҳрванди Бангладеш хабар доданд.

Насимҷон Носиров, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 2133-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ гуфт, ки ин афрод ҳангоми кӯшиши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт шуда, ҳоло нисбат ба онҳо тафтишот оғоз гардидааст. «Тафтиши пешакӣ шаҳодат ба он мекунад, ки боздоштшудаҳо мехостанд тавассути хоки Тоҷикистон гузашта, ба ҷангҷӯён дар хоки Афғонистон пайванданд», — афзуд ӯ. Насимҷон Носиров гуфт, боздошти ин гумонбарон рӯзи 9 январи имсол дар натиҷаи як амалиёт сурат гирифтааст. Вай афзуд, «баррасии парванда дар дасти масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст» ва дар сурати таъйиди айбашон аз тарафи додгоҳ ба ҳар кадоме аз онҳо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *