Бонки «Арғун» -ро дузд зад?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз як кӯшиши ҳамлаи ғоратгарона ба ташкилоти қарзиву амонатии «Арғун” дар ноҳияи Шоҳмансур пешгирӣ карда, сокини Ваҳдат Бозорбой Ҳалимовро дар ҷои ҳодиса вақти бо болгарка буридани сейфи ин бонк дастгир кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳамлаи ғоратгарона ба ташкилоти хурди қарзиву амонатии «Арғун” дар ноҳияи Шоҳмансури Душанберо нашр кард. Дар гузориши вазорати дохила гуфта мешавад, ки Бозорбой Ҳалимов, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Байнали Ваҳдат бо гумони даст доштан дар дуздӣ дастгир шудааст.

Бино ба ин гузориш, шаби 22 август ба шӯъбаи якуми корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур телефонӣ хабар додаанд, ки як нафар тирезаи шӯъбаи бонки «Арғун”-ро шикаста, вориди он шудааст. Гурӯҳи фаврӣ вақте ба ҷои ҳодиса расид, ки нафари гумонбар бо асбоби оҳанбурак (болгарка) кӯшиш дошт, сандуқи оҳанин (сейф)-и бонкро бибурад.

Бозорбой Ҳалимов, ки дар ҷои ҳодиса дастгир шуд, дар ин гузориш эътироф мекунад, ки бо ҳадафи ғоратгарӣ вориди бонк шуда буд: «Омадам, тирезаро зада шикастам, даромадам. Баъд болгаркаро дар сими барқ мондам, буридам, ки се диски болгарка шикаст. Чанд бор задам, ки кушода нашуд. Бардоштам ба он тараф бурдам, ки шарфаи по шуд.”

Ҳоло Бозорбой Ҳалимов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ба зидди ӯ бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Гузориши дуздии бонкро дар ин навор аз дақиқаи 9,20 тамошо кунед:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *