“Барқи тоҷик”: Қарздорҳои мо зиёд мешаванд
Тӯли ду сол мешавад, ки ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» фаъолият менамояд. Ҳадаф аз ташкили он «роҳ надодан ба афзоиши қарзҳо» мебошад. Вале, бо вуҷуди ин, ШСХК «Барқи тоҷик» имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз зиёд гардидани қарзҳо нисбат ба соли гузашта хабар дод.
«Бо афсӯс метавон гуфт, ки баъзе аз корхонаҳо пули барқро дер месупоранд»,- зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки яке аз сабабҳои зиёдшавии қарзҳо сари вақт насупоридани маблағи барқ аз ҷониби аҳолӣ аст. Дар ду соли охир қарзҳои насупоридаи аҳолӣ ба 139 млн сомонӣ расидааст.
Ногуфта намонад, ки тӯли моҳҳои охир шикояти аҳолӣ нисбат ба насб кардани «ҳисобкунакҳои нав» зиёд ба назар мерасад. Бархе аз мардум мегӯянд, ки пас аз насб намудани ҳисобкунакҳои сохти нав маблағи барқи онҳо ду баробар зиёд гардидааст. “Барқи тоҷик” сабаби зиёд шудани маблағро дар зиёд истифода бурдани барқ гуфт: «Дар сармои зимистон истифодаи барқ босуръат зиёд гардид. Ҳисобкунакҳои мо дар дараҷаи дақиқ кор мекунанд ва ягон нофаҳмие дар онҳо дида намешавад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ