«Барқи тоҷик» : Хоҳед,ки барқ доимӣ бошад, ба телефони боварӣ занг занед!

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Ваҳдат се ҳолати исрофи нирӯи барқ ва истифодаи ғайриқонунии онро ошкор карда ва фаъолияти се нуқтаи хӯроки тезпазак дар кӯчаи Фирдавсии ин шаҳро ба сабаби истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ манъ кардаанд.
Дар гузориши ВКД гуфта мешавад, ки бинобар сабаби камбудиҳои ошкоргардида, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат нисбати қоидавайронкунандагон санадҳои дахлдор ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, қарор дар бораи боздоштани фаъолияти онҳо бароварда шуд.
Рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии ВКД ситоди махсусе ташкил шуд, ки бояд истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқро дар кишвар назорат кунад. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавон таъмини шабонарӯзии онро дар фасли сармо таъмин кард.
Рӯзи 19 декабр ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки “бо мақсади риояи низоми истифодаи сарфакоронаи барқ, ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, инчунин робитаи доимии кормандони соҳаи барқ бо муштариён дар ШСХК «Барқи Тоҷик» аз 18 декабри соли 2020 телефонҳои боварӣ фаъол шуданд.”
Сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» гуфт, навбатдорон дар ин хатти “телефони боварӣ” ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд ва ҳар занги телефониро ба қайд гирифта, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд, то сари вақт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
”Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар ҷаласаи роҳбарияти ширкат баррасӣ мешавад. Тавассути телефони боварӣ ҳамкорӣ намудан бо ширкат ба манфиати ҳар шахс ва тамоми ҷомеа мебошад”,- мегӯяд Н. Ёдгорӣ.
ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ 93-355-51-51; 93-355-52-52; 235-86-84

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *