“Барқи тоҷик” сабабҳои маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Ширкати «Барқи тоҷик» хабар додаст, ки дар фасли сармо маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Ин тадбир ба далели он аст, ки дар зимистон обшавии пиряхҳои обанбори Норак кам шуда, ҷараёни об даҳ баробар кам мешавад.
Масалан, дар фасли гармо ба обанбор дар як сония 2 хазор метри мукааб об чорй мешавад, дар зимистон чараёни об дар як сония то 100—150 метри мукааб кам мешавад.
Илова бар ин, дар се даҳсолаи охир шумораи аҳолии кишвар ду баробар — аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расид, ки ин ҳам сарбории шабакаро зиёд мекунад. Талабот ба кувваи электркӣ дар корхонахои саноатй низ афзуд.
Шумораи объектхои саноатй аз 358 адади соли 1991 холо ба се хазор расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ