Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 14-уми декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Робинетт Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар барқия омадааст: “Ҷаноби Олӣ, хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки муҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид. Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии ин ҷониб ба наздикону пайвандони фавтидагон, хоҳони шифои комили осебдидагон ҳастем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ