Барқ 17 неву 18 соат дода мешавад
Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба маълумоти тамоми сокинони кишвар мерасонад, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, аз имрӯз, 6 январи соли 2017 таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд.
Ба иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», шурӯъ аз имрӯз тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 23.00 бемаҳдудият бо барқ таъмин карда мешаванд. Акнун сокинони навоҳии кишвар ба ҷои 12 соат неруи барқи пешина 18 соат бо барқ таъмин мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ