Барқарорсозии робитаҳои соҳибкорони тоҷику ӯзбек

Гурӯҳе аз соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон рӯзҳои 16 ва 17 октябри соли равон меҳмони вилояти Суғди Тоҷикистон шуд. Мақомоти Суғд мегӯянд, сафари ҳайате, ки ғолибан аз водии Фарғона намояндагӣ мекард, бо ташаббуси ҷониби Тошканд сурат гирифтааст.

Музаффар Юнусов, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ин ҳайат тайи ду рӯз ба шаҳрҳои Хуҷанду Исфара сафар карда, бо корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ, ширкату муассисаҳои фарҳангӣ шинос шудаанд.

Ҳамчунин аз Қасри Арбоб, маҷмаи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дидан карда, ба пояи пайкараи Камоли Хуҷандӣ гул гузоштанд. Шоми якшанбе дар як маҳфили ширу шакари фарҳангӣ дар хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ иштирок карданд, ки он ҷо шеъру таронаҳо ба забони тоҷикиву ӯзбекӣ садо дод.

Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, аз рӯҳияи дидору сӯҳбатҳо эҳсос мешуд, ки ҳам ҷониби Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон ташнаи наздиктар шудани робитаҳои дуҷонибаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *