Бар асари ҳамлаи террористӣ дар Доғистон Рӯзи мотами миллӣ эълон шуд

Шоми якшанбеи 23 июн ду шаҳри Доғистон мавриди ҳамлаҳои террористӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои «Известия», дар Дербент ва Махачқалъа ҷангҷӯёни мусаллаҳ ба ду калисои православӣ ва посгоҳи пулиси роҳ ҳамла карданд.

Ҳоло дар Доғиистон амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия бар асоси далелҳои ҳамлаҳои мусаллаҳона парванда боз кардааст.

Тибқи иттилои ахир, дар пайи ҳамла 11 пулис кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд. Панҷ ҳамлагар кушта ва чанд тан аз иштирокдорони ҳамла боздошт шуданд. Ҷустуҷӯи шарикони ҷангҷӯён идома дорад.

Рӯзҳои 24, 25 ва 26 июн дар Доғистон Рӯзи мотам эълон шудааст. Дар рӯзҳои мотам дар саросари ҷумҳурӣ парчамҳои давлатӣ поин шуда, муассисаҳои фарҳангӣ ва телевизиону радиоҳои воқеъ дар вилоят ҳама чорабиниҳои фароғатӣ ва барномаҳои тафреҳиро лағв мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *