«Барқи тоҷик» фурӯхта намешавад
Раиси “Барқи тоҷик” Исмоилзода ин иддаоро, ки ин ширкатро гуруҳҳои алоҳида мехоҳанд ба таври сунъӣ муфлис карда, бо нархи арзон хусусӣ кунанд, беасос хонд.
Мирзо Исмоилзода дар посух ба суоли хабарнигорон ин андешаро нодуруст хонда, афзуд, ки вазъи молии “Барқи тоҷик” сол то сол беҳбудӣ ёфта истодааст ва хусусигардонии ширкат дар назар нест: “Имсол нисбати соли гузашта вазъи молӣ хубтар аст. Масалан аз ҳисоби музди меҳнат қарзҳо буданд, имсол аз ин ҳисоб қарздор нестем”.
Ӯ гуфт, чорабиниҳо барои беҳбуди вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” идома доранд.
Ин дар ҳолест, ки феълан “Барқи тоҷик” бо миллиардҳо сомонӣ қарз, калонтарин ширкати қарздор дар кишвар мебошад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи коршиносон ин ширкат, ки ба фӯрӯши нерӯи барқи обии арзон машғул аст, бояд яке аз сердаромадтарин ниҳодҳо дар кишвар бошад, зеро маҳсулоташ бо хароҷоти кам истеҳсол мешаваду талаботи зиёд дорад.
Аммо дар ҳоли ҳозир “Барқи тоҷик” танҳо дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда -1”-и Русия 627,2 миллион сомонӣ ва дар назди «Сангтӯда-2»-и Эрон 409,9 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Исмоилзода мегӯяд, давоми шаш моҳи гузашта тибқи ҷадвали мувофиқашуда ба “Сангтӯда -1” 103 миллион сомонӣ ва ба “Сангтӯда -2» 32 милион сомонӣ пардохт кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ