«Барқи тоҷик»: Лимит нест, профилактика ҳаст
Вобаста ба хомӯшкунии барқ дар минтақаҳо дар ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 24-уми сентябр гуфтаанд, ки ҳеҷ гуна «лимит» ба Тоҷикистон барнамегардад ва чанд соати маҳрум шудани мардум аз нерӯи барқ сабабҳои дигар дорад.
«Дар Тоҷикистон ҳар сол қабл аз зимистон дар тамоми шабакаҳои барқӣ корҳои профилактикӣ мегузаронанд ва онҳоро барои зимистон омода мекунанд. Тафтиш мекунанд, ки шабакаҳо фарсуда нашуда бошад. Яъне омодагӣ ба зимистон, ки мардум бебарқ намонанд», — гуфтааст Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангуи ширкати “Барқи Тоҷик”.Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ гуна лимите вуҷуд надорад ва интиқоли нерӯи барқ бар тибқи реҷа то замони анҷоми корҳои профилактикӣ, “яъне то 1-ум ва ё 2-уми октябр идома мекунад.“
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ