Барқи тоҷик: Мо қарздор, онҳо ҳам аз мо қарздор

Ширкати “Барқи Тоҷик” маблағи умумии қарздориашро 13,7 миллиард сомонӣ гуфт.

Мирзо Исмоилзода, раиси ин ширкат дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, аз ин рақам 2,7 миллиард сомониаш аз ниҳодҳои давлатӣ ва неругоҳҳо мебошад. Ба гуфтаи ӯ, “Барқи Тоҷик” ҳоло аз неругоҳи “Сангтуда 1” 654,3 миллион сомонӣ, аз “Сангтуда 2” 458,2 миллион сомонӣ қарздор мебошад: “Бар асоси қарордод ин маблағҳоро марҳила ба марҳила пардохт мекунем”. 

Исмоилзода афзуд, ҳаҷми қарзи ширкат аз ҳисоби андоз ба 194,2 миллион сомонӣ мерасад. Қарзҳои марбут ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба гуфтаи раиси “Барқи Тоҷик” 11 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Масъулини “Барқи Тоҷик” мегӯяд, аммо ниҳодҳои дигар аз ширкат як миллиарду 600 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *